Сояҳои шикаста

Ҳамин ба истилоҳи нависанда «равонковӣ» ҳам пеш аз ҳама талош ва иқдом дар масири пирўзии накўӣ бар нохушояндагӣ ва расидан ба мақоми инсони комил,ки дар жарфои дарунсўи инсон салтанат дорад. Дар роҳи расидан ба ин ҳадафи ниҳоӣ нависанда гоҳо чун ҳакими фарзона ва гоҳ чун файласуфи ориф падидаҳои рўзгор ва масоили зиндагонии инсониро дар бистаритафаккури хосаи хеш дар қолиби андарзу амсолу ҳиками маҳсули зеҳну андешааш тафсир мекунад. Гумон мекунам, ки аз вусъати матну сужаи қиссаву достон ва ҳикоёти устод Муҳаммадзамони Солеҳ бурун овардани ин ҷумалоти ҳакимона ба эҷоди як андарзномаи бузурги фалсафии оинар рўзгори акнуни инсон боис мешавад ва бешак симои нависандаро ба унвони файласуф ва орифи замони хеш бозтоб мебахшад.
Тазаккури чанд намуна аз ин ҷумлаоти ҳакимонаву андарзӣ кофист, ки дар баробари муаррифии чеҳраи андешаварзи нависанда дар канори дигар махсусиятҳои мавзўиву ҳунарӣ ба насри таълифии вай унвони фалсафӣ ё насри андешаро мансуб донем:
«Мо замоне аз хоби ғафлат бедор мешавем, ки шаб шудааст».
«Барои он ки зиндагӣ як намоиши зебое бошад, мебояд онро зебо бозӣ кард».
«Мо меваи дарахти марг ҳастем ва ҳар лаҳза ба қаламрави зулмат, ба дўзахти ҷовидона поин меравем».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо