Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Масалан, дар асл вақте ба ҳамон бахши аввали хоби мусофир меадешем, ки себи муназзаҳро кирм мехўрад, боз ҳам ин ҳикмат холӣ аз маънӣ намебошад ва нависанда ҳам беҳуда ин себро дар олами рўъё ба дасти кирм сўрох намекунад. Баъдтар вақте аз шабоҳатҳои кирми дар хоб дидааш бо Ҳафтвод сухан мекунад ва мегўяд:
«Ва боз тасмим мегирам, ки инҳо тухми Ҳафтводанд, ки вуҷуди ман, даруни дили себгуни ман парвариш ёфтаанд(52), пайванди ҷаҳони ботинии қаҳрамони қисса ба ҳамон Ҳафтводкирме мерасад, ки дар достони «Корномаи Ардашери Бобакон» маъруф аст ва Ардашери Бобакон ба он ҷангида. Дар ҳошияи қисса худи нависанда ҳам ин матлабро барои хонандааш ташреҳ медиҳад, ки Ҳафтвод дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ номи соҳиби кирм аст, ки духтараш онро бо хўронидани кирм парвариш кардааст. Агар нафаре, ки ба достони мазкур ошно нест, барҳақ шояд тафсири он фурсати руёъии нависандаро ба дурустӣ натавонад дарк бикунад ва ба ифодаи муаллифи асар шояд ҳазёне беш напиндорад. Аммо таъкиди устод Муҳаммадзамони Солеҳ ба кирмҳои сурохкунандаи себ дар хоби ў чун тухмаҳои Ҳафтвод иртиботи онро ба ҳамон сароғоз мустақар месозад ва хонанда ҳам пушти тавзеҳи худи нависанда ин маъниро бештар дарк мекунад. Аз сўи дигар, боз ҳам ин робитаи дусўя ё сафар аз ҷаҳони ботинии инсони имрўз ба замонаҳои дур тафсири он ҳикмат ҳаст, ки ин кирмҳои ба таъбири адиб хўрандаи себи дили инсон барои ҳамеша ҳастанд ва бо ҳастии худ метавонанд дар шаклу сурати дўзахи вуҷуди инсон нақш гузоранд. Ин маънӣ навъе муфассари ҳамон андеша аст, ки пархоши инсон бо нафси худ ба унвони ҷавҳари таълимоти тасаввуф ва онсутар аз он муҷодалаи неку бад, рўшанӣ ва зулмат баробар ба зиндагонии инсон муҳаррик аст ва барои пирўзии тарафи аслӣ, чун муҳассаноти олии ахлоқӣ худи инсон масъул аст.

пешина
аз 341
навбатӣ