Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

рў, нависанда ба унвони қаҳрамони маркази асараш худ кўшиши анҷоми ин мусофиратро дар ҳафт
шаҳри ишқ ё биҳишту дузахи вуҷудаш анҷом медиҳад ва қаламрави худшиносиро барои таҳаққуқи
маърифати рост аз дурўғ, нур аз зулмат, некиву бадӣ
ва мунтаҳо биҳишту дузах мехоҳам бипўяд. Он ҷо ки
аз шакку гумон ва шинохтанҳои зоҳири ҳарф мезанад, дар оинаи пиндорҳояш иқдоми маърифати дузах тарҳ мерезанд. Дар ҳолати хоб себеро мебинад,
ки ба таъбири ў «ҳамсанги замин дар шохаи дарахте овезон аст» ва меафзояд, ки «Ман ба амиқии як
себчаи сурхе муоина мекунам: чи сон сероба хуштамъ
аст! Ба ҳавас даст мебарам, ки онро аз шохасори баланди макони беохир биканам. Ва ҳамин лаҳзаҳо
мебинам, ки КИРМЕ аз он сар мекашад ва ман аз
раъйам мегардам. Ва оҳиста –оҳиста ин кирм тамоми
бадани себи «хуштамъу сероб»-ро сўрох-сўрох месозад. Ва себ аз шохасор меафтад».(50) Вақте ба умқи
ҳикмати ин фурсате аз хобҳои қаҳрамони қисса фурў
меравем, боз ҳам ҳамон бархурди ҳақиқат ва гумонро маърифат мекунем. Пиндори покизаи себмонанд
бо расидани кирми гумон сўрох мешавад, яъне ин
кирм ҳамон шаку тардид аст, ки вуҷуди муназзаҳи
андешаву ройро месўрохад, то аз миён бубарад. Ва
ҳамингуна нависанда аз ҷузъиёти тафсири ин ҳолатҳои мовароӣ тавассути унсурҳои дар пиндорҳои
қудамо ҳамчун аҳуравӣ ва аҳриманӣ дар сурати кирму баъдан морҳои сиёҳи заҳҳокӣ ба сарҳади кашфи
биҳишту дузахӣ ҷаҳони ботинии инсон мерасад. Ҳамин худи ўст, ки тавассути ҳосилаҳои маърифати
хеш гоҳо дар ҷаҳони руъёии хеш ба сароғози таърих
мепайвандад ва ҳатто фазои дунёи даруниашро бо аносири он рабт мебахшад.

пешина
аз 341
навбатӣ