Сояҳои шикаста

Тафсири ин ҳикмат аз дарунсўи маърифати нависанда чунин садо медиҳад: «Мо аз дигарон фақат зоҳирро мебинем, эҳсос мекунем. Пас, ин «эҳсос»-и мо, ин «идрок»-и мо дурўғи аст, фиреби назар аст. Вале ман барои худи ман ҳеҷ гуна фиреби назар нест, эҳсоси дурўғ нест.
Ман, фақат ман аз ҳолати худ огоҳам. «Ман медонаму он ки офаридааст маро». Дигар ҳеҷ! Магар ин ҳақиқат ҳам ҳазён аст? «Ҳазён» ба мисли як либоси муди кўҳнашудаест,ки дар дастрасии як одами нодору камбағал қарор дорад. Ҳақиқатро ҳазён пиндоштан нохудогоҳист. Фақат ҳамин. Ва ё дунё аз назари эшон девонахонае беш набояд бошад? Вагарна ҳазён пиндоштани эҳсосот ва идрокоти рост дигар маъние ҳам надорад»(49).
Тааммул дар номи қиссаи мазкур ҳам ба мо бар асоси донистаҳои таърихиамон албатта раҳнамоӣ мекунад. Ардавирафнома асаре аз намунаҳои адабиёти тоисломии форсу тоҷик аст, ки ба унвони нахустин сафарномаи хаёлӣ ба ҷаҳони моваро эътироф шудааст. Вироф нафаре, ки ба фаросўҳо сафар мекунад, то биҳишту дузахро бубинад ва ҳақиқати онро ба мардум биўяд. Албатта ин дидгоҳи хоси муаллифи гумноми он аст ва бешак тазаккури абёти пешоғози қисса барои нафари огоҳ аз мўҳтавои асар чароғе бар даст медиҳад, то дар маърифати ҳадафи таҳрири нависанда роҳе мекушояд. Пас, боз ҳам бо чунин унвонгузорӣ ҳамоно ба гунае аз равзанаи завқи худ аслу бунмояи он нахустсафарномаи рўъёиро тасреҳ мекунад, яъне Вироф сафаре ба ҷаҳони моваро намудааст, пас ин ҷаҳони фаросўҳо дар асл андаруни худи инсон ва ҷаҳони ботинии ўст. Аз ин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо