Сояҳои шикаста

Нависанда аз қабл бо баёни ин ҳолати буруз намудаи хеш ҳарчанд аз шарҳу тафсири аслии он иҷтиноб меварзад, аммо зимнан дар худии хеш хонанда огоҳ мешавад, ки дарунсўи вусъатободи худии инсон ҳақиқате баҳравар аз шинохти худи вай мубарҳан аст. Ин таҷрибаест, ки нависанда аз ибтикор ва корномаҳои маънавиву рўҳи орифони мо андўхтаву дар рўзгори хеш, балки дар зинаи тариқати рўзгори мунҳасир ба фарди худ таҳаққуқ бахшидааст. Чун аксар аз аҳли ирфон бо татбиқи андўхтаҳояшон дар марҳилаи аввали донишфизоӣ то ҷое фаротар аз ҷомеа гом мегузоштанд, пиндорҳои иҷтимоӣ ва заминии мардум ҳолати бавуҷудомадаро ба асар ношинохтагӣ ё нуқси маърифатӣ мутаҳҳам бар ҷунун мекарданд. Дар асл ин ҳолат ҷунун набудаву як ҷойгоҳест, ки орифонро аз ҷомеаи иҷтимоӣ фосила мегирифтааст. Шояд ба ҳамин хотир аст, ки аксаран дар каломи ин афроди хос, аҳли назар ва ҳатто шоирони сўфимашраб вожаи ҷунун ва интисоби онҳо ба маслаки Маҷнун навъе ифтихор буда ё аз назари дигар паноҳгоҳ барои тафсири ҳолатҳои равонӣ ва изҳори ҳар чизи мамнўъ аз диди ҷомеа ва замон. Аммо амиқан хулосаву бардошти худи орифони равшанзамир аз ҳақиқати ин ҳолат ҳамон буда, ки :
Нест андўҳи маро бар дарди маҷнун нисбате, Мешавам девона гар нисбат ба Маҷнунам кунед.
Устод Муҳаммадзамони Солеҳ ҳам дар қиссаи «Ардавирафнома ё сояҳои шикаста» ба ҳамин назари мунҳасир ба худии одамон ва иҷтимоъ посух мегўяд бо он сурат, ки Шумо ҳаргиз ончунонки бояд «ман»-и маро нашинохтаед ва нахоҳед шинохт, зеро ман танҳо аз ҳолати худ огоҳам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо