Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сарнавишти моро озод офаридааст. Яъне худат чи хеле, ки нависӣ». Ин фалсафаест, ки ҷавҳари таълимоти орифонаи форсиро тарҳ андохтааст ва устод Муҳаммадзамони Солеҳ бо тазаккури ин ҳикматҳо ҳидоятномае ба хонанда медиҳад ба сўи ҷаҳони ботинии худ, ки эй раҳравандаи сўи асолат ва ай солики тариқат ҳамон ҳафт шаҳри ишқ, ки Аттор онро тай кардаву чилу анд ва ё чиҳилҳазор пардаҳои мавҷуд миёни ту ва худии худи Ту муқаррар шудаанд, танҳо дар андарунат ё дар ҷаҳони моварои Ту ҷой гирифтаанд. Ҷуғрофиёи ин макон ва мақомҳо низ қаламрави вуҷуди туст ва «берун зи ту нест ҳар чӣ дар олам ҳаст. Аз худ биталаб, ҳар он чӣ хоҳӣ,ки туӣ». Танҳо шамъе аз ирфони худ барафрўз ва дар тааммулкадаи хештан биншину бо рўшание аз партави чароҳи ҳидоят ба ҷаҳонии ботинии хеш замоне сафар кун.
Баробари оғози асар ҳақиқати ин равиши идрок нуфуз дармеёбад, ҳатто вақте ки нависанда баёнотро аз тафсири ҳоли бурузкарда дар ҷаҳоншиносии хештан нақш мебанданд: «Аҷаб ҳолате дар ман ориз шудааст. Вале наметавонам ин ҳолати хеле ғашовару бимнокамро ба касе бигўям. Аниқтараш метарсам бигўям, ки дар рўҳи ман як ҳисси ҳавлангезе пайдо гардидааст. Зеро, ҳо ба яқин худам медонам, ки аз ифшои ин роз ҳатман девонаам хоҳанд хонд ва ман намехоҳам, ки касе нисбат ба ман бо таассуф нигарад ва ё ба дурўғ, медонам бовар кунед, хеле хуб медонам, ки касе ба ҳамнавъи худ шавқат надорад, ҳамдардӣ зоҳир намояд» (47). Ҳолати оризаи нависанда албатта маҳсули дидгоҳ ва маърифитест, ки дар ҳар ҳол аз як тафаккури пешрафта ва андешаи фаротар аз фикри иҷтимоъ паём мерасонад.

пешина
аз 341
навбатӣ