Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳатто аз тазаккури як байт ва ҳикмате дар пешоғози ҳикояти «Ардавирафнома ё сояҳои шикаста» хонандаро ба тааммулкадае мекашонад, то фурсате биандешад, ки ин оғози фалсафӣ ўро ба куҷоҳо хоҳад бурд.
Биҳишту дўзахат бо туст, дар ботин нигар бо ту, Сафарҳо дар ҷигар ёбӣ, ҷинонҳо дар ҷинон бинӣ.
Ҳаким Саноӣ
Ҷаҳаннам ва биҳишт ботини инсон аст.
Ибни Сино
Корбурди ин ду ҳикмат қабл аз шурўъи матни аслии ҳикоя аллакай дар ҷаҳони фикрии хонанда навъе пиндорҳоеро ба унвони тафсиру шарҳу куллии навишта тарҳ меафканд. Мутобиқ ба мухтассоти сабки нигориши устод Муҳаммадзамони Солеҳ аллакай аз ҳамин чашмандози ибтидоӣ ба ду фирқаи оғозин мутолиагари асар бешак сар ба зонуи тафаккури хеш мегузорад, то равзанае ба дарусў боз кунад. Дар андешаи хонанда ин ҳикмат таҷассум мекунад, ки дар вуҷуди инсон маҷмўи қувваҳои хайру шарр дар муҷодала ва пархош бо ҳамдигар ҳастанд, назорат ё тасаллут бар онҳо ба ихтиёри худи инсон аст ё ба ибораи дигар одамӣ дар интихоби нерўи ҳасана ва замима худмухтор аст. Ин матлабро ҳам устод ҳанўз соли 1991 дар як мусоҳибаи хеш бо рўзноманигор Шаҳло Абдуҳалимова ба гунаи зайл тавзе додаанд: «Мо ҳар чӣ ки нек мешавем, аз рўи масъулияти худи мост. Ва агар бад шавем, ин ҳам масъулият дар гардани мост. Ҳеҷ кас ва ҳатто Худованд ин чизро дар сарнавишти мо нанавиштааст.

пешина
аз 341
навбатӣ