Сояҳои шикаста

Ҳарчанд дар як мусоҳибаи хеш бо нависанда ва рўзноманигор Хуршеди Атовулло дар рўзномаи «Посух» №1 аз 18 ноябри соли 1994 ҳақиқати машғулият ба шеърро ҳам инкор накардааст ва изҳор дошта, ки «Инсон дар ду ҳолат – яъси бузург ва шодии бениҳоят сурудеро замзама мекунад, ё мерақсад ва ё аз созе садое дармеоварад. Ман ҳам гоҳ-гоҳе дар чунин маврид чизҳое шеъргуна, нохудогоҳона фақат ва фақат барои худ ифшо кардаам, ки арзиши пешниҳод карданро надорад». Вале ба назар мерасад, ки ҳамин ҳисси бузурги шоиронаи мавҷуд дар ботини нависанда ўро гоҳо ғайрихтиёр ба самти рўшан шеър кашонидааст ва дар канори қавӣ будани ҷанбаи ҳунарии насри устод Муҳаммадзамон ба таъбири худаш ҳамон «шеъргунаҳо» зебо дар вусъати қиссаву ҳикоёт ба ҷо афтодаву сабки нависандагиашро боз ҳам барҷастатар гардонидаанд. Чунонки тазаккур ёфт, агарчӣ шеъргунаҳое барои худ гуфтааст, аммо ҳамон эҳсоси шоирона бо зеботарин ваҷҳ дар намунаҳои насри устод соя афкандаву равиши нигориши устодро мунҳасир ба фард гардонидааст.
Дар баробари ин, бо кўшиши ибдоъи таҳаввул дар ин заминаи шеваи сужаофаринӣ дар ҳикоят устод Муҳаммадзамони Солеҳ гоҳ таъриху фарҳангу фалсафа, ирфону муомилоти фикриро дар густураи руъёву хобҳои хеш, ки бедортар аз бедориҳои мостанд, тарсим мебандад ва ҳамзамон ба тафсири онҳо мепардозад. Вақте ин усули танзиму тафсири матолибро дар қиссаҳои «Сафари ҳафтуми Синдбод» ва махсусан «Ардавирафнома ё сояҳои шикаста» ба оинаи мушоҳида мекашем, фалсафаи даруннигарӣ ва маърифати худии нависанда, ки навъе худшиносии инсониро тавзеҳ медиҳад, ҷилваи хуршедӣ касб мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо