Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Фаротар аз ин вақте нависанда мехоҳад, ҷўши хуни ҷавонии қаҳрамонро ба тасвир оварад, онро ба сони ҷўйборҳои тундоб мусаввар мегардонад, ки боз ҳам ҳузури пайванди тасовир ба ҳолати равонӣ ва ҳиссиёти дарунии инсон бо беҳтарин шакл боқӣ мемонад. Ин тарҳу созмони тасвирсозӣ дар аксари нигоштаҳои адиб бо ҳамон шева таҷассуми барҷаста дорад ва бешак барои мо бо беҳтарин ваҷҳ ҳамон намунаи насре, ки қудамо ва аҳли таҳқиқ шеъри мансур гуфтаанд, намудор месозад. Дар таркиби қиссаи «Ишқи актёри пир» насри шоиронаи устод Муҳаммадзамони Солеҳ ва ба истилоҳ тавсири муҷассами шеъри мансур зуҳур кардааст,ки мурур ба як порча аз фароварди он амри собит бар ин нуқтаи назар хоҳад буд:
«Шояд ў наҷот меёфт…
Ва суратакҳо мерақсиданд…
Ва бод пардаҳои ҳариргуни панҷараҳои равшанро алвонҷ медод…
Ва гурге дар уфуқи дур сўи ҷангалҳо нўла мекашид…
Ва мўйсафеде афтону хезон аз паси як духтараки сарвболое мерафт…
Ва дар сукути резиши барф фақат зоғҳо садо мезаданд» (46).
Сохтори қитъа, ки интихобшуда аз қиссаи мазкур аст, шеъри сапед ё мудернро ба хотир меоварад ва ин ҷо зотан кўшишҳои нуфузи насри мухайял ва андешапарвар дар қолиби наздик ба шеър тарсим ёфтаанд. Устод дар умри хеш ҳаргиз даъвои шоирӣ накарда ва пайгирӣ аз ин таҷаддуд дар қаламрави наср ҳам барои шоир будан дар андешаи вай набуда.

пешина
аз 341
навбатӣ