Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дарвеш дар худ пинҳон мегашт. Аз бехудӣ дар худ гум мешуд. Бовар дошт, ки худро дар худ меёбад.
Вале ҳеҷ гоҳ ба гўшаи хаёлаш намеомад,ки ў кайҳо боварро аз даст додааст. Солҳо пайсипар мешуданд.
Дар сағонаи онҳо чизе намерўид. Худи ў ҳам нотавонтар мешуд. Бо вуҷуди заифию нотавонӣ ба оянда имон дошт.Чароғи хонаашро афрўхтан мехост. Ў аз хонаи бечароғаш наметарсид ва бовар дошт, ки рўзе хонааш мунаввар мешавад» (180).
Тасвирҳои шоирона ва тасвирпардозона дар нақли мазкур ҷилваи рўшан ва ҷойгоҳои хоса касб кардаанд. Вақте нависанда мехоҳад тасвири табиатро пешорўи хонанда тарҳ андозад, боз ҳам ҷанбаи насри шоиронаи ў тақвият пайдо мекунад. Ба истилоҳи адабӣ пейзажҳои маҳсули хаёли устод Муҳаммадзамони Солеҳ бо ҳамин гуна авлавияти тасвирҳои шоирон ва корбурди таркибҳои аз ҳунари олии нависандагӣ бархурдор низ ҷаззоб ва муассир ба қалам омаданд. Фурсате аз тасвири баҳор бо чунин назокати ҳунари нависандагӣ дар коргоҳи тахаюли адабии нависанда ҳосил шудааст: «Он рўз расид. Баҳор соғаркашӣ мекард. Табиат аз хуни баҳор рангрезӣ менамуд. Насими форам парда аз рўи замини хоб бардошт. Ў ҳам худро ҷавон гумон кард. Хун дар шоҳрагҳояш мисли ҷўйбори тундоб меҷўшид»(181) Тасвири манзараҳои баҳор ва ҳолати андарунии дарвеш тавассути таркибҳои борвар аз падидаҳои ҳунарӣ шакл гирифтаанд. Ибораҳои «баҳор соғаркашӣ мекард» бо таҷассуми зебои шўру ғалаёни баҳоронаи табиат ва ҳолати исёну мастии ҷавонӣ, «соғаркашии баҳор», ки идомаи ҳамон тасвир аввал аст, бо ҷаззобияти хосе сурат баста, ҳунари шоиронаи нависандаро дар тасвирофаринӣ дар иртибот ба ҳолати андарунии инсон бозгўӣ мекунанд.

пешина
аз 341
навбатӣ