Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин ҷо метавон аз чандин таркибҳои мавриди истифодаи нависанда дар ин ҳикоят ёдовар шуд, ки тарзу қолибҳои таъбирофаринии шеъри классикӣ, бахусус сабки ҳиндиро ба хотир меоваранд: «Хомўшии мудҳишу пурбим онҳоро ба коми фаромўшӣ бурда буд», «чархи рўзгор якбора сукунат карда буд», « андешае, ки дар кунҷи фаромўшии зиндагони фиребо хомўш монда буд», «Такомуҳои абадҷўёнаи инсон ба ҳар як васила аст», «Ин дам аз фиреби такопуҳои абадҷўёнаи хеш ҷуғидан наметавонистанд», «Панҷаи танҳоиро кўтоҳ кардан мехост» ва амсоли ин. Ҳатто агар бо тааммуқ биандешем, боз ҳам дар таркиби ин ҷумлаҳои шоирона таркибҳои изофагии чандзинаи ҳастанд, ки нуфузи онҳо дар сабки ҳиндӣ, хоса шеъри Бедили Деҳлавӣ ба мушоҳида мерасад. Дар батни ҷумлаҳои мазкур таркибҳои мусалсали «кунҷи фаромўшии зиндагонии фиребо», «такопуҳои абадҷўёнаи инсон», «фиреби такопуҳои абадҷўёнаи хеш» аз ҳамин махсусияти сабкӣ бархурдор мебошад, ки аз ибтикори шоистаи ҳунари нависанда дар насри муосир паём мерасонад. Ҷолиб он аст, ки дар таркиби нақли марбут ба дарвеш нависанда ба хотири эҷоди пайванди навиштории вай ба сабки насри классикӣ, хоса насри ба истилоҳ ҳирфаӣ гоҳо чандин ҷумалотро канори ҳам тавассути корбурди аносири ҳунарӣ ва ба сурати таркибҳои шоирона ба қалам меоварад. Масалан, ба ин порча аз нақли мазкур руҷўъ мекунем: «… Дар андешаҳояш дурахшидани толаеашро медид. Ҷоми лабрези ноумедиро мешикаст.
Сабўи умед ба вай комгорӣ мебахшид. Ў ба мисли ҳаммаслаконаш аз кайфияти танҳоӣ вазъ намегуфт.

пешина
аз 341
навбатӣ