Сояҳои шикаста

Гоҳо чунин ба мушоҳида мерасад, ки романи Муҳаммадзамони Солеҳ бозгўии бадеии таърихи аҳди Сомониён аст ва бешак вусъати мутолеоти адиб барои эҷоди як асари комили бадеӣ низ ошкор шудааст. Аммо дар ҷараёни мутолиаи роман марҳила ба марҳила чун хонанда ҳамраҳи қаҳрамонони он қадам мезанад, мебинад, ки аз назари аввал сужаҳои таърихӣ ё воқеот ҷилваҳои бадеӣ дарёфтаанд. Ба ибораи дигар, нақлу бозгўиҳои муаллиф хушку холӣ набуда, дар онҳо ҳунари нигорандагии нависанда, завқу салиқаи хоси вай тобишҳои муайяни худро пайдо кардааст. Аз сўи дигар, сар то сари роман ҳунари нависандагӣ, бадеият, арзишҳои ҳунарӣ, сужаҳои тахайулӣ, сабки махсуси наср ҷилва дорад, ки аз шукўҳи ҳунари Муҳаммадзамони Солеҳ дар офариниши ин чеҳраи тобноки таърихи миллат ишорат мекунад. Масалан, дар роман мулоқоти Амир Исмоил бо вазири донишманди худ Балъамӣ тасвир шудааст, ки ин амр агар аз назари аввал ҳамчун як воқеаи ногузири таърихӣ бошад, маҷмўи гуфтор ва суолу ҷавобҳои онҳо аз тахайулот ва андешаи нависанда сарчашма гирифтаанд. Ҷое мехонем:
«…Балъамӣ. Амирам ба сабаби зиёдатии умури давлатӣ ба Шумо бор дода наметавонанд.
Амир Исмоил. Пас, амирам ба ман хашм гирифтаанд. Чаро ончунон ки ба Шумо гуфтам…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо