Сояҳои шикаста

онро дар оинаи насри таълифии худ қарор мегирад,
дар канори ҳузур дар аъмоқи қурун фурсате парвоз
мекунад ба имрўз ва ҳатто гоҳо пушти тирезаи тафаккури нависанда дар рўёрўи вай менишинад ва
суҳбате ҳам меорояд. Ҳамин сафар аз гузашта ба
ҳоло ва аз акнун ба дарунсўи моварои таърих аз
шосихаҳои аслии насри андешапарваронаи устод
Муҳаммадзамони Солеҳ аст, ки дар батну матни
он нукоти зарифи муфассири афкори фалсафии нависанда ҷо гирифтаанд. Тааммул дар хати сужаи
ҳамон ҳикояти кутоҳи «Сарви кишмар» ҳам ин равиши хосаи пайгиронаи адибро рушантар муҷассам мекунад. Ҳикоят бо вуруди қаҳрамони аслӣ, ки
бешак худи нависанда аст, ба намоишгоҳ оғоз мешавад. Яъне, қаҳрамон дар айёми худ қарор дорад
ва меравад то назаре биандозад ба маҳсули ҳунари
наққошии ҳамнаслони хеш. Таҳрики руҷўъи вай ба
дарахти Сарви кишвар, ки сохтаи Зардушт аст ва
чанд ҳазорсол қабл аз ин замон фосила дорад, маҳз
ҳамин мурур ба ҳосилаи халлоқияти ҳунарии як тан
аз ҳамзамони ўст. Ҳадафи нигориш бошад, кўшиши ба қалам овардани як соядаст ё ҳошияе ба дафтари тақризҳо. Аммо ин ҷо ҳам агарчӣ як ду нафар
ба таъбири нависанда дар ҳошияи аксҳо ва ҷараёни
боздиди хеш чанд сатри кутоҳе навиштаанд, аммо
ў фурсате мадид ба андеша меравад, барои нигориши як ҷумла дар муаррифии он тасвир ё бардоште аз
худ. Ҳамин як тааммули кутоҳ аст, ки нависандаро
ба жарвои таърих мебарад ва бо эҷоди як василаи
пайвасти зебое миёни ин тасвир ва дарахти Сарви
Кишвар нависанда ба нақли як рўйдоди муҳими
таърихӣ мепардозад. Таҷаддуди адиб дар сабки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо