Сояҳои шикаста

таълифи худ, ки фардияти эҷоди ўро тафсир мекунад, дар ҳамин нуктаи зариф таҷассум дорад, ки ин
ҳикояти таърихиро ба унвони сужаи асоси ҳикояти
худ дар батни он ба ҳукми тақризе дар дафтари хулосаҳои мушоҳидгарони намоишгоҳи рассомӣ меоварад. Шеваи пайванди имрўзу таърих ва маҷмўан
ҳузури худи адиб ва воқеае аз дурдасти зиндагони
инсоният ҳамон достонҳову қиссаҳои пешинро ба
хотир меоварад, ки ба услуби қисса андар қисса нақл
мешаванд. Аммо устод Муҳаммадзамони Солеҳ ин
равишро бо диди мутағойир ва хоси хеш аз айнаки
замон ва ибтикороташ дар таҷдиди қолибҳои ҳикоянависии муосир ба кор мегирад ва дар зимн бо
таваҷҷўҳаш ба баёни як воқеаи таърихӣ маҷмўи дониш ва андухтаҳояшро ҷиҳати ғаномандии фикрии
ҳикоя фурў мерезад. Чунонки гуфта омад, боз ҳам
як рўйдод ё мурур ба як ҳодисаи аҳди хеш муҷиби
ин ибтикори вай мешавад, то имрўзро ба таърих
бипайвандад ва мушобеҳатҳои умури инсонро дар
адвори мухталиф ба субут расонад. Ин матлабро
худи нависанда ҳам дар ҷамъбасти ҳикоя таъкид мекунад: «Шояд ҳамин расм сабаб шуд, ки ин ривоят аз
қаъри варақҳои сўхтаву ғуборолуди андешаҳо ба ёди
ман ояд. Шояд..» (164)
Аз диди сохторшиносӣ ҳам дар ин ҳикоят як навъ
бандубасти ҷолибе ба сурати замони имрўз, баъдан
мурур ба таърих тибқи омили барангезандаи руҷўъ
ва дубора бозгашт ба ҳолати воқеӣ дар пешорўи
тоблуи наққошӣ созмон ёфтааст, ки ин равиш низ
таҷаддуди кори нависандаро дар такмилаи хати сужаи асари бадеӣ бозтоб мебахшад. Фузун бар ин,
ҷолиб он аст, ки ҳини нақли воқеаи таърихӣ боз ҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо