Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бахусус, асри имрўз ин шароитро барои касби пештари маърифати андешаҳо солҳо мастури ин суханвари жарфоназар ва соҳиби сабку салиқаи махсус фароҳам овардааст, то бештар ба ҷаҳони фикрии Абулмаъонӣ сафарҳое дошта бошем.
Нависандаи мубтакир устод Муҳаммадзамони Солеҳ ҳам бо тавсеаи фарогирии донишҳои қадиму ҷадид ва даст бурдан ба саргаҳи худии инсонӣ ва хештаншиносии миллӣ ҳамин иқдомро дар насри муосири тоҷик метавон гуфт, ки асос гузошт. Агар биравем ба суроғи ҳамон китоби аввалин устод «Сарви кишмар», ки ҳатто унвони он хонандаро ба қаламрави дурдасти таърих мебарад ва фурсате дар камини тааммул менишонад, он ҷо ҳамин қудрат ва тавондандии фикрӣ таҷассуми барҷаста касб кардааст. Тавре ки тазаккур ёфт, агар насри ба истилоҳи таърихии навини тоҷик, ки дар сарчашмаи ибтикори тазоҳури он устод Айнӣ қарор доранд, бештар ба ҷанбаҳои воқеияти таърихӣ такя намуда, дар сабк ҳам ҳамин ҳодисагароиро дунбол кунад, аммо фаротар аз ин иқдоми таваҷҷўҳи устод Муҳаммадзамони Солеҳ ба масоили таърихӣ ва сафар ба дурдастҳои уфуқи гузаштаи пурифтихор ва пурмоҷарои миллӣ, диди хоса ба он ва равиши вижаи баёнотро бозгўӣ дорад, ки маҳсули кўшиш ва ҷусторҳои адабии худи вай буда, аз суроғи ҳаводиси таърихӣ ва тафсиру таҷдиди онҳо дар зеҳну андешааш пайдо шудааст.
Ҳар кӣ аз ашхоси таърихӣ, ки Устод Муҳаммадзамони Солеҳ андешаи офариниши ҳунарии шахсияти

пешина
аз 341
навбатӣ