Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳарчанд нахустин маҷмўи устод дар соли 1985 ба унвони «Сарви кишмар»
ба дасти хонандагон расид, аммо пас аз интишори маҷмўи «Ишқи актёри пир» дар соли 1989 таваҷҷўҳи бештар ва густардаи аҳли мутолеа ба маҳсули қалами устод Муҳаммадзамон нуфузи вофире дарёфт.
Мо, донишҷўёни он солҳо ба ҳақиқат ба умқи маҳсули қалами устод намерисидем ва ё гўё ба таври худ нигоштаҳои эшонро маърифат кардаву лаззат мебурдем, зеро таърих ҳамеша ин хиёлотро барои инсоният ато намуда, ки аз ибтикор ё тозагиву таҷаддуди рўёрў омада, шояд дар назари аввал бидуни огаҳӣ, танҳо дар ҳадди қабули як падидаи нав аз он эҳтизози рўҳӣ ба худ мегирад. Ё ҳатто ба тааҷҷўб меафтад ё ба ҳайрат, ки ба зоти худ ҳамин аҷобат ва таҳайюр низ дар ҷаҳони худ лаззате дорад. Аслан ҳамагуна шахсиятҳои мубтакирро дар қаламрави таърих ин бархўрд мушарраф шудааст. Масалан, Мирзо Бедили Деҳлавӣ, ки ба таъбири худи ў дар он аҳд «сайри фикраш осон набуд ва кўҳу кўтале дар андеша эҷод кард, то барои дарку маърифати он ҳуш ва фаҳми тунд лозим биёяд», маҳз ҳамин водии ҳайратнишонро тай кард ва бо онки ончунон бояд шеърашро дар рўзгораш дарк накарданд, аммо нафарони зиёде дар ҳайратдамидагии ғазалҳои баландовозаи вай шодиёнаҳои равонӣ ҳосил намуданд.
Баъдан, батадриҷ бо касби бештари донишу ҳуш ва огаҳии таърихиву фалсафӣ, ирфонӣ ва иҷтимоӣ дар тафсири фаротари андешаҳои шоир даст ёфтанд, чун шеъре бо чунин азамати маъноӣ ва андешаи фаротар аз замони худу дуртар аз қарнҳои дигар дар навбати аввал ҳамин омўзаҳои мухталифро хостор буд, то аз он донишҳои андўхта ба таъбири Мавлоно «нардбоне ба сўи осмон бисозанду бираванд пилла-пилла то мулоқоти Худо».

пешина
аз 341
навбатӣ