Сояҳои шикаста

Ибтикороти адабиву ҳунарии нависандагони насли нави тоҷик бар пояи асосҳои мутазаккира дар замони ба истилоҳи бозсозӣ дар қаламрави адабиёти имрўзи мо нуфузи вофире касб намудаву дар даҳсолаи поёни қарни бистум, ки ҳамзамон даҳаи аввали истиқлоли сиёсиву фикрии тоҷикон низ шинохта мешавад, ривоҷи тамом ва таҳаввули густардае касб намудаанд. Дар арсаи насри нави тоҷик, ки воқеан бо ташаббуси достоннависони тозаназаре чун Сорбон, Ўрун Кўҳзод, Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама Аҳмадова, Абдуқодири Рустам, Анвар Олим ва дигарон ин таҳаввулоти доманфарох ҳам аз диди шаклу мўҳтаво, ҳам касби арзишҳои ҳунарӣ, борварӣ аз таъриху фарҳанг, андешаи милливу мазҳабӣ, ирфониву фалсафӣ иттифоқ афтод, намунаҳои барҷастаи шоҳкориҳои насри нави тоҷик падид омаданд. Дар ин миён корномаҳои адабиву ҳунарии устод Муҳаммадзамони Солеҳ қобили эътимод ва эътироф буда, дар зимни қиёс бо таълифоти ҳамнаслону ҳамасрони хеш аз вижагиҳои муҳиме бархудоранд.
Бо навиштаҳои устод Муҳаммазамони Солеҳ ҳанўз аз нахустин солҳои донишҷўиям, ки ба ҳузури аввалин рўзҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони тавъамон қарор дошт, ошноӣ пайдо намудам ва худойро шокирам,ки фурсате баъд саодати унсу иродат ва рафоқату дўстӣ ҳам бо нависандаи беназир бароям насиб гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо