Сояҳои шикаста

Ҳатто нуфузи насри бадеии таърихиро дар раҳгузори адабиёти даврони истиқлоли Тоҷикистон метавон ба ҳамин омили муҳим пайванд бахшид, ки албатта ин мавзўи баҳси дигарест.
Мутолеаи насри қарни бистуми тоҷик, ки ба истилоҳи насри даврони Шўравӣ бештар ифода мешавад, аҳли таҳқиқро бар ин назар мувоҷеҳ сохтааст, ки дар сабки таълиф ва дарунмояи он бештар воқеъгароӣ ва ба таъбири адабиётшиносии вақти тоҷик «реализми сотсиалистӣ» нуфуз дорад, ба истиснои чанде аз маҳсули қалам ва андешаи достоннависони маъруфи тоҷик чун Устод Айнӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон, ки мавзўоти таърихро дар оинаи бадеият низ пайгирӣ кардаанд. Ҳамин таваҷҷўҳи амиқи эшон ба муаммои таърих ва сарнавишти ашхоси таърихӣ, ки сарчашма дар омўзаҳои мухталифи мутаккӣ бар манобеи таърихиву адабӣ доранд, гоҳо эшонро дар амри таксири қолибҳои роиҷ ва ҳатто метавон гуфт муқаррарӣ ва холӣ аз падидаҳои ҳунарии насри замон берун бурдааст. Руҷўъ ба жарфои мўҳтавои «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ румони «Фирдавӣ» ва қиссаи «Ривояти суғдӣ»-и Устод Улуғзода ва сабки таълифи ин осор бешак моро ба ҷониби ҳамин чашмандози тоза дар шинохт ва маърифати насри он айём мебаранд, ки воқеан насли наву навгарои адабиёти даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо эътироф аз ин намунаҳои осори мансури устодони насри имрўз ба унвони сароғози ибтикороти хеш дар таҷдиди шоёни ин равиши таълиф ба гунаҳое хос ва бо истифода аз имконоти фарохи фароомада иқдом намудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо