Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ў худ Баҳроми Варҷованд аст:
«Кай бавод, ки ойод
Пайке аз ҳиндугон
Ки пиҳ аст ҳазор
Абар сарон аст пилбон,
Ки оростаг драфш доред
Пад звен ки хусравон…» (2, 209)
Хоҳ сурудҳои таърихӣ ва мардумӣ, хоҳ қаҳрамонони устуравӣ ва воқеӣ, хоҳ ривояту афсонаҳо, хоҳ ашъори шоирон – ҳама ва ҳама дар роҳи бузургдошти амир Исмоил ва давлати ў хизмат мекунанд.
Дар ин маврид услубҳои реалистӣ ва романтикӣ ба ҳам омада, ба тадқиқи бадеӣ ва ҷамъбастҳои воқеияти таърихӣ мусоидат менамоянд.

Адабиёт:
Сайфуллоев А. Уфуқҳои тозаи наср. – Душанбе:
Адиб, 2006. – 766 с.
Солеҳ М. Девори Хуросон. – Душанбе: Ирфон,
1999. – 339 с.
Шукуров М. Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2006. – 192 с.
Шукуров М. Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 456 с.
НУРАЛӢ НУРЗОД
Мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

ТАЪБИРИ ХОБҲОИ САПЕД ВА РУЪЁҲОИ
БЕДОРӢ

(Нақду баррасии китоби Муҳаммадзамони Солеҳ.
Оҳанги шаҳри ишқ.
Душанбе:- Адиб, 1989)

Ҳанўз оғози солҳои навадуми қарни гузашта
буд, ки бо падидории фазои истиқлоли сиёсӣ дар
Тоҷикистон рўҳияи тозае дар тафаккур ва андешаи
адабии аҳли сухан низ нуфузи комиле касб намуд
ва маҳз дар ҳамин айём тамоюлҳои адабиёти муосир тоҷик бо шикастани маҳдудаву қолибҳои мутаводили мавкуравиву шаклии ҳоким ба ҳузури
равандҳои воқеан нав замина гузоштанд. Ҳарчанд
ҷараёни унсу ошноии аҳли адаб ба равандҳои ҳунарии адабиёти ҷаҳон то солҳои навадум ибтидо ёфта,
марҳилаи солҳои 80-умро чӣ дар назму чӣ дар насри
имрўзи тоҷик ба унвони сароғози таҷаддуди фикриву ҳунарӣ муаррифӣ кард, аммо фаязони истиқлоли
сиёсӣ ва бар асоси он нуфузи истиқлоли фикрӣ ба
адибон барои мустақилона аз сар гирифтани ибтикори шоён бар мабнои дастёбӣ ба омўзаву таҷрибаҳои
таърихии мавҷуд дар қаламрави адабиёти форсу
тоҷик роҳ кушод. Бавижа, майлонҳои худогоҳиву
худшиносӣ, ки дар ҷавҳари он пайвастан ба аслу
бунмояи адабиёти пешини форсу тоҷик ва раҳёбӣ дар ҷодаи шинохти ростини осори адабӣ,берун аз меъёрҳои маҳдудаи фикрии роиҷ дар маърифати анвоъи назму насри классикӣ қарор дошт, ба ҳузури мунаввари чеҳраҳои тозае дар қаламрави адабиёти имрўзи тоҷик бо ҳамин дидгоҳ ва чунин андешаҳои борвар аз мантиқ ва дарунмояи нерўманди тафаккури пешрави пешиниён нақши муассире аз худ боқӣ гузошт.

пешина
аз 341
навбатӣ