Сояҳои шикаста

(2, 64) Дар ҷои дигар шеъре, ки дар васфи Самарқанд гуфтаанд, дар забони Наср садо дода ифтихори миллии ўро аз фарҳангу забони порсӣ – тоҷикӣ ба исбот мерасонад ва сабки реалистии романро тақвият мебахшад:
«Наср бинни Аҳмад: Забони порсӣ ҳеҷ гоҳ дар кишвари мо қатъ нагаштааст. Магар мардуми мо набуд, ки ба забони модарии худаш намоз хонданро ба гардан гирифт ва Қуръонро ба порсӣ гардонданд.
Самарқанди қандманд,
Бо зинат кӣ афканд.
Аз Чоч то беҳӣ,
Ҳамеша та хуҳӣ.
Дар кишвари мо ин иддао дурўғ аст, ки баъди ба сари қудрат омадани ҳокимони бумӣ, гўё шеъри порсӣ оғоз мешавад. Фарҳанги мо ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ замоне аз решаҳои хеш бурида нашудааст ва қудрате ҳам нест, ки онро бибурад» (2, 84-85).
Порчаи зерин, ки аз забони Исмоил дар ҳолати яъсу ноумедии ў дар робита бо бад шудани муносибати ў ва Наср, ба фазо мепечад, ба усули таҳлили психологии образи Исмоил мадад мерасонад:
Шабе дар бод
Танҳоии ман зўза мекашид.
Бо овози сармозада аз яъс, Бо чеҳри рангпарида чу моҳ… (2, 113) Дар роман сурудҳое истифода шудаанд, ки нерўи созандагии амир Исмоилро бо услуби романтикӣ нишон медиҳанд:
«Ва дар зеҳнаш суруди ҳамсарони хусравонӣ садо медиҳад ва он манзараҳоро мебинад. Ў худ савори пил аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо