Сояҳои шикаста

Шеърҳо ва сурудҳо аз сарчашмаҳои илмӣ ва адабӣ иқтибос шудаанд, аммо нависанда он манобеъро ишора намекунад. Профессор А.Сайфуллоев дар тадқиқоти худ «Уфуқҳои тозаи наср» ба кадом шоирон тааллуқ доштани он ашъорро муайян карда, чунин менависад: «Бисёр порчаҳои манзум – байт, қитъа, таронаҳои мардумӣ дар роман корбаст шудаанд. Онҳо ашъори Абўҳафси Суғдӣ, Масъуди Марвазӣ, Абулянбағии Аббос бинни Тархон, устод Рўдакӣ, Муҳаммад Васиф ва моли мардум мебошанд. Ҳамаи шеърҳо мазмуну мўҳтаво ва дарунмояи иҷтимоӣ доранд ва рўҳи замонро ифода менамоянд, ҳолатҳои рўҳӣ, кайфияти қаҳрамонони асарро дарбар мегиранд. Бедороии халқи Бухоро дар роҳи озодӣ ва худшиносии миллӣ, ватанхоҳӣ ва мубориза бар зидди аъроби истилогар дар порчаҳои манзум хеле рўшан инъикос ёфтаанд ва консепсияи ватанхоҳию худогоҳии миллии халқро ифода менамоянд»
(1, 547).
Шеърҳо ва сурудҳо ба сабкҳои реалистӣ ва романтикии асари М.Солеҳ мувофиқ омадаанд. Як иддаи онҳоро амир Наср ва амир Исмоил дар вазъу ҳолатҳои гуногун – болидагии рўҳ ва фикру андешаҳои ботинии худ оид ба давлатдорӣ ва мушкилоти он қироат мекунанд. Масалан, байти зерин дар забони амир Наср роҷеъ ба нигоҳ доштани иззату обрўи подшоҳӣ моҳияти реалистии образи ўро нишон медиҳад:
Хуни худро гар бирезӣ бар замин Беҳ, ки оби рўй резӣ бар канор…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо