Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳаракат мекарданд, меҷунбиданд, балки ҷунбу ҷўш доштанд» (2, 275).
Дар мисоли зерин ҳам санъати ташхис – ба сухан даромадани гавҳар, ҳам санъати маҷоз –ду гавҳари табиатан мухолифи ҳамдигар чун инсонҳои поку палид ба тасвир расидаанд: «Акнун дар бораи ду минў ё ду гавҳаре, ки дар оғози зиндагонӣ вуҷуд доштаанд, сухан хоҳам гуфт. Аз ин ду гавҳар он яке, ки поку муқаддас буд, ба ҳамзоди хеш гавҳари палид чунин гуфт: Ҳеҷ гоҳ андешаву омўзиш ва иродаву имон ва гуфтору кирдору виҷдони мо ба якдигар созиш надошта ва аз ҳам ҷудо ҳастанд…» (2, 275).
Нависанда дар деворнигораҳо рўҳи зиндаи аҷдоди тоҷиконро таҷассум менамояд. Аз ин рў онҳо намиранда, зиндаанд: «Тасвирҳои бесари деворҳо ба Иброҳим дар Навбаҳор сухан гуфтанд: «Бемаргӣ ёфт шуд! Дарвозаҳои бемаргӣ кушода шудаанд!» (2, 279).
Дар мисоли зерин тазоду муқобила (адлу зулм, биҳишту дўзах) ба мушоҳида мерасанд, ки ишора ба созандагиҳои Исмоил харобӣ ворид кардани дигарон аст: «Ва ё пояи адл бо зулм гузошта мешавад?!
Хишти биҳиштро аз хокистартўдаҳои дўзах мебояд рехт!» (2, 313).
Ҳамаи воситаҳои тасвири бадеӣ дар роҳи пайванди услубҳои реалистӣ ва романтикӣ корбаст шудаанд ва дар тадқиқи амиқи воқеияти таърихӣ хизмат мекунанд.
Дар романи «Девори Хуросон» сурудҳои мардумӣ ва порчаҳои манзум низ ба кор омадаанд, ки худогоҳии миллӣ, ғояҳои ватанхоҳӣ ва муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ алайҳи хориҷиёни истилогар ифода менамоянд.

пешина
аз 341
навбатӣ