Сояҳои шикаста

моҳирона корбаст шудаанд ва ҳамчун омилҳои услубсоз мавқеи намоён ишғол кардаанд. Онҳо чи дар роҳи тасвири реалистии воқеият, чи дар бобати нигоришоти романтикӣ аҳмияти вежа касб кардаанд. Тавсифи «сабзу хуррам» нисбат ба боғ яке аз тавсифҳои серистеъмол дар «Девори Хуросон» аст, ки гоҳо дар як саҳифа паи ҳамдигар омадаанд: «Боғистонҳои сабзу хуррам, дарахтони гуногун ба меваҳои расида… Кўшки авлоди Сомониён. Боғи сабзу хуррам» (43, 51). Ҳамин тавсиф дар саҳифаҳои 12,13 ва дигарҳо низ такрор шуда, ба тавсифи қолабӣ табдил ёфтааст. Тавсифи дигар, ки зебо афтодааст:
«Абри баҳорӣ қатраҳои шаффофи хешро бар замини сўхтаву тафта меборад…»
Дар ин ҷумла се тавсиф ҳаст: абри баҳорӣ, қатраҳои шаффоф, замини сўхтаву тафта. Аз лиҳози муносибати сухан тавсифҳо ба предмети тасвир (абр, қатраҳо, замин) хеле мувофиқ мебошанд ва сифати онҳоро ифода месозанд. Боз як тавсифи чида:
«Мўъмини худогоҳ худошинос аст, худотарс аст».
(2, 322) Алфози худогоҳ, худошинос ва худотарс сифатҳои мўъминанд.
Дар романи «Девори Хуросон» ташхис фаровон аст. Онҳо хаёлоти рангини муаллиф ва қаҳрамонони ўро мунъакис месозанд ва ба мўътамадии тасвироти бадеӣ кўмак мерасонанд. Масалан, вақте ки Исмоили Сомонӣ ташнаву хаста аз миёни мурдаҳо мегузарад, дар назари ў «мурдаҳо аз қабрҳо хеста, домони ўро мекашанд» (2, 20).
Вақте ки китобдори пир ба Исмоили Сомонӣ дар бораи расмҳои қадимаи китобхонаи подшоҳии Бухоро қисса мегуфт, «деворнигораҳои толори боргоҳ гўё ҳаёт ёфта буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо