Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Нависанда ҳамаи онҳоро дар матн дар ҷою мақоми худ истифода бурда, воқеияти таърихиро ҳаққонӣ ва комилтар тасвир менамояд.
Дар роман калимаю ибораҳои китобӣ, аз қабили «ватандорӣ», «бақои миллат», «озодию истиқлолият», «растохез», «давлатдорӣ», «ҳукумати озоду додгар», «тоҷу тахт», «давлату ҳокимияти фаррӣ», «маъмурият», «шурта», «рисолат» ва ғайра, хеле фаровон корбаст шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар роҳи пурраю мукаммал ифода кардани ғояи асосии асар
– мубориза дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти халқи тоҷик, истеҳкоми давлати Сомониён ва вусъати ҷуғрофияи Эрону Хуросон бо пойтахти ин сарзамини бузург – шаҳри Бухоро ба тасвири реалистонаи воқеияти таърихӣ хизмат мекунанд. Дар порчаи зерин, ки суханони амир Исмоиланд, ин гуна калимаю ибораҳо кам нестанд:
«Албатта аз ин суханон чунин бардоште ҳосил нашавад, ки гўё ман даъвогари тоҷу тахти Вароруд ҳастам. Ман фақат ормонҳои хешро аз як давлату ҳокимияти фаррӣ иброз доштам. Ҳамаи ин омилҳо сабаб шуд, ки ман Бухороро тарк гўям, зеро бори масъулияти ин маъмурият барои ман вазнинӣ мекунад. Яъне барои заррае ҳам пиёда кардани онҳо ман маъмурият надорам. Он чӣ бар ўҳдаи ман гузошта буданд, ҳар каси дигар ҳам қудрати иҷроиши онро дорад. Ман рисолати худро дигар мебинам» (2, 51).
Роман аз калимаю ибораҳои халқӣ низ ғанист.
Дар роман муҳимтарин санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ – тавсиф, ташбеҳ, истиора, маҷоз, омоним, синоним, ташхис, тазоду муқобила, муболиғаю иғроқ, сифатчинӣ, такрору таъкид ва ғ.

пешина
аз 341
навбатӣ