Сояҳои шикаста

Забони роман яке аз падидаҳои ба забони ягонаи адабии тоҷикӣ рў овардани нависандагон дар давраи истиқлолияти миллӣ ба шумор меояд. Сатҳи бадеии он баланд аст. Нависанда манзараҳои табиат, воқеияти таърихӣ ва образҳои инсониро моҳирона ба тасвир мегирад. Ба порчаи зерин аҳмият медиҳем, ки нависанда ба сафи лашкари Исмоили Сомонӣ бо рўҳбаландии бузурги ватанхоҳӣ шомил шудани мардони кишварро чӣ тавр бо сабки романтикӣ тасвир менамояд:
«Дар шаҳрҳо мардуми маҳаллӣ довталабона ба марказҳои сафарбаркунӣ гирд меоянд, мусаллаҳ мешаванд ва гурўҳ–гурўҳ пиёдаву савора ба роҳ мерафтанд. Онҳо ҳама рўҳияи боланда доранд ва дар ҳар қадам шиор сар медиҳанд: «Дар ҷанг мардона мурдан беҳ аз он ки асир шудан!» Пирону занону кўдакон сарбозони хешро ҳама ҷо гусел мекунанд.
Ҳама ҷо ҳамҳамаи шодиву сурур ҳукмфармост» (2, 214).
Азбаски «Девори Хуросон» романи таърихӣ ва қаҳрамонони он ҳам шахсиятҳои таърихӣ ва воқеӣ мебошанд, дар забони он баъзе калимаю ибора ва вожаҳои ба он замони таърихӣ хос низ мушоҳида мешаванд. Дар ҳамон сўҳбате, ки мо дар фавқ ҳамчун мисол барои сабки илмӣ овардем, калимаю ибораҳои кўшк, аъён, таоруф, неъматҳои биҳиштӣ, рамазон, рўза, хатти маснад, куфӣ, диндабира, қоидаи васл (барои ҳуруф), хатти муаққалӣ, хатти ҳумайрӣ, ҳамоваронӣ, муфрад, ҷалӣ, сулсайн, ақлом, хутут, дебоча, хулафо, подшоҳ, сиҷиллоту тўмори кубро, халофат, фақеҳ, аъробу атрок, қосид… дида мешаванд. Баъзе аз ин вожаҳо (рамазон, рўза, подшоҳ, қосид) имрўз ҳам дар забони адабии тоҷик кор меоянд, аммо дар замони Исмоили Сомонӣ серистеъмол ва фаъол буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо