Сояҳои шикаста

Дар ин мавридҳо Исмоил ва дигар персонажҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо далел, бо факту рақам, мисолҳои рўшан қотеона изҳори андеша кунанд. Сўҳбатҳои амир Исмоил, Умар, Абдуҷҷабор, Муҳаммад ибни Нўҳ дар бораи китоби «Сияр-ул-мулук» бо хати Юсуфи Сагзӣ, ҳуруфоти диндабира, маснад, хатти муаққалӣ, хатти ҳумайрӣ, хатти ҷалӣ, таъсири мутақобили фарҳангҳо як намунаи баҳси илмист. Масалан Исмоил мегўяд: «Маснадро қаламе аз хатти ҳумайрӣ медонад. Яъне маснад аз хатҳои арабӣ аст ва мансуб ба мардуми Яман. Яманиҳо онро аз ирониён гирифтаанд.
Муҳаммад ибни Нўҳ: борҳо аз қавми амми бузургам шунида будам, ки мегуфтанд: Пайғамбари Худо фармудааст, ки «агар илм дар сурайёст ба он фақат ирониён даст меёбанд». Ва ба фахру шодӣ аз корнамоиҳои Салмони Форсиву Имом Ҳанифа сўҳбат мекарданд» (2, 5-6).
Сўҳбати амир Исмоил ва Абилҳафс дар бораи этимологияи вожаҳои «Бухоро» ва «Самарқанд», талаффузи арабӣ ва форсии онҳо, таърихчаи ин шаҳрҳо низ моҳияти илмӣ доранд (2, 26-27). Аз ин рў сабки илмӣ истифода шудааст.
Муколамаҳои илмӣ, иқтибос аз манобеи илмӣ ва адабӣ, иқтибосҳо аз «Авесто», «Қуръон», «Таърихи Табарӣ», номаҳо ва дигар сарчашмаҳои мўътамад, зикри саҳми донишмандон дар инкишофи илм корбасти порчаҳои манзум, зарбулмасалу мақол ва.ғ.
дар романи «Девори Хуросон» кам нестанд. Ҳамаи онҳо сабки романро хоно, дилнишин ва рангоранг кардаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо