Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар монологи ботинии ў пауза – ист вуҷуд надорад, андешаҳои ў мутассил баён мешаванд, бо мухотаб, бо нидоҳои пайдарҳам, бо саволу ҷавобҳои сершумор, бо радду бадали афкори хато ва тасдиқи андешаҳои солим, бо ҳиссачаҳое, ки ҳиссиёту ҳаяҷонро иброз доранд, ба ин зайл:
«Эй аз Офариниши бениёз, эй бе ҳама Олам Ҳаст, эй ҳама ҷаҳон дугонаву ту Якто, ман паноҳ фақат ба ту овардаам. Дар ин олами дубуна чун метавон бо ту монанд шуд?! Якрў шуд? Якто шуд?!! Оё юғе фарохури гардани ғафси ҳафтоду ду миллат фароҳам омадааст?! Оё башар ҳадафи хешро ёфтааст?... Оё башар ҳадафе дорад?! Оё башаре, ки ба гунаи фариштагон бошад, вуҷуд дорад?! Оё башар метавонад худогуна бишавад, дар ҳоле, ки худ вуҷудаш таҳтушшуои шак қарор гирифтааст? Чора чист? Аз рўйи солҳои ин махлуқи башаргуна бояд ҷаҳид? Мисли Ҷамшед бояд парид, чун Кайхусрав бояд раҳид. То он замон домонгири ту хоҳанд буд, эй худо. Бо номи ту фасод хоҳанд кард, эй парвардигор. Оҳ агар башар медонист, ки дар самти муқобили ту қарор гирифтааст!
Аз ту дур гардидааст! Эй кош башар ин хатои хешро мешинохт ва бар худ иқрор мекард!» (2, 277) Монологи ботинии Исмоил бо порчаи мазкур анҷом намепазирад, вай давом дорад, ки ғалаёни фикру андеша ва силсилаи эҳсосоти ўро нишон медиҳад. Дар роман ин гуна монологҳо кам нестанд.
Шиддати ҳиссу ҳаяҷони қаҳрамони асар дар муколамаҳои ў бо дигар персонажҳо низ ба зуҳур омадаанд, ки қувваи ҷанбаи субъективии тасвирро ифода месозанд. Гоҳо дар муколамаҳо фикру ақидаҳои илмӣ ба назар мерасанд, ки намунаҳои бархурдории романро аз услуби илмӣ гирифтаанд.

пешина
аз 341
навбатӣ