Сояҳои шикаста

Дар ин порча ба тариқи талмеҳ Ҷамшедро ёдоварӣ кардани Исмоил бесабаб нест. Номи қаҳрамонони асотирӣ ва яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома»-- и Фирдавсӣ дар «Авесто» ба шакли Йима омадааст, ки маънияш дугоник аст. Амир Исмоил маҳз аз дугонагӣ дар имону эътиқод метарсад. Ғайр аз ин Ҷамшед нигаҳбони кишвар, кафили серию пурии халқ, ободию осудагӣ буд. Дар аҳди ў пирӣ ва марг аз рўи замин бардошта шуд. Ҷашни Наврўз дар замони ў баргузор шуд. Аммо ў аз худ бехуд шуд.
Ҷамшед хост, ки мардум ўро чун Худо бипарастанд.
Ана барои ҳамин ҳам, Исмоил ба ҳарос афтод, ки магар «Ҷамшед даруни ман исён мекунад». Ў ояте аз Қуръон ба забон овард, эътимод ҳосил кард, ки дар сиришташ дугонагӣ вуҷуд надорад, бо эҳтиросу ҳаяҷон, бовару эътиқод арза дошт, ки дар забони ў бидуни ихтиёр омадани алфозе аз оини зардуштӣ «каломи шайтанат нест, гумроҳӣ нест, шак нест», балки ў мўътақиди Худои азза ва ҷалла аст, ў бо худ қадим, бо ғайр ҷадид аст.
Амир Исмоил муноҷот ба Худо мекунад, розу ниёз мегўяд, ки ин яке аз шаклҳои изҳори андешаҳои ботинист. Дар муноҷоти ў ҳақиқат ифода меёбад, гуноҳи он зумраи мардумро, ки боғаразона амал намуда, Ҷамшедро рад карда, Заҳҳок парастидаанд, Алиро кушта, Муовияро овардаанд, дар ивази Худо сикка пазируфтаанд, гўсолаи Сомирӣ парастидаанд, ошкор месозад.
Розу ниёзи Исмоили Сомонӣ батафсил бо роҳи муроҷиат ба Худои ягона аз тариқи силсилаи эҳсосот, амвоҷи шўру шаафи бардавом ба забон меоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо