Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Он гоҳ башар басираташро аз даст хоҳад дод! Он гоҳ башар хештанро гум хоҳад кард!» (2, 176) Дареғу афсўс дар андешаҳои амир Исмоил дар сурате такрор меёбанд, ки ў аз роҳи аслӣ баромада, ба роҳи ғаразнок даромадани мардумро таъкид кунад.
Дар яке аз монологҳои ботинии Исмоил андешаю хаёлот, гумон ва тарсу бими ў аз дугонагӣ – майлу рағбат ба дини зардуштӣ ва пазируфтани ислом, изҳор шудаанд. Нависанда эҳсосу ошуби ботинӣ ва муҳокимаҳои музтарибонаи ақлии ўро ба риштаи тасвир мекашад.
Беихтиёр дар забони ў Исмоил дар ҳузури аркони давлат садо додани ҷумлае аз китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» ўро сахт ба ваҳму ҳарос андохт. Ў ҳамкорони худро рухсати рафтан дода, ба худтаҳлил оғоз кард. Худтаҳлили ў, ки алоқаманд ба имону эътиқод мебошад, сад дар сад аз ҳаяҷону изтироби ботинӣ ва саволу хитобҳои риторикӣ иборат аст. Исмоил андешае иброз медорад ва онро бо савол ва посух тасдиқ ё рад мекунад:
«Ман танҳо мондаам, худоё ин дугонагӣ дар андешаи ман чист? Ва ё ҳанўз имони ман комил нашудааст. Ва ё ҳанўз Ҷамшед даруни ман исён мекунад?
Ва ё ман ҳам ба мисли ў барои пазириши навин омода нашудаам?! Ҳар чи метавонад, бошад, вале ҷуз ғариза аст. Пас чист, худоё? Лоҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ! Он чи бар забони ман ҷорӣ мешавад, каломи шайтанат нест, гумроҳӣ нест, шак нест. Ҳидоят ба сўи туст» (2, 276-277).

пешина
аз 341
навбатӣ