Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гўё зиндагӣ аз нуқтаи оғозини хеш нашв намудааст…» (2, 165-166) Дар романи «Девори Хуросон» монологи ботинӣ яке аз василаҳои услубсоз буда, боиси пурраю мукаммал тасвир ёфтани образи қаҳрамон гардидааст. Дар образи Исмоили Сомонӣ қувваи монологи ботинӣ бештар ба зуҳур меояд. Беҳтарин усули андешапарварӣ ва худтаҳлил дар офариниши образи амир Исмоил монологи ботинист. Вежагиҳои асосии монологи ботинии ў аз чӣ иборатанд?
Ҷанбаи субъективӣ дар монологҳои ботинии Исмоили Сомонӣ хеле пурқувват буда, вай фикру андеша ва ҳаяҷону изтироби ўро бо шаклҳои рангоранги бадеӣ ифода месозад.
Монологе ҳаст, бо роҳҳои гуногун ба сўи Худо рафтани одамони гуногунэътиқод (насронӣ, яҳудӣ, мусалмон)–ро тазаккур медиҳад. Вай пур аз саволу хитобҳои изтиробомез. Исмоил бо худаш саволу ҷавоб мекунад, ҳақиқатро дарёфтан мехоҳад. Бо тавсифҳои чида ва эҳсосоти баланд, дарки саҳеҳии роҳи Худои яккаву ягона ва изҳори эътиқод, тавбаи изтиробомез аз гуноҳҳои содиршуда ва савганди вафодорӣ, ки хеле пурҳаяҷон аст, чунин иқрор мекунад:
«Ҳама роҳҳо уреб аст, ягона роҳи рост туӣ, эй рости рости рости рост!» (2, 176).
Дар монологи Исмоили Сомонӣ, мисли «Рости рости рости рост!» такрору таъкидҳои пайвастае ҳастанд, ки шиддати эҳсосоти ўро нишон медиҳанд.
Амир қабул кардани мусулмониро ибтидои кор мешуморад ва таъкид менамояд, ки то ба ҳақ расидан роҳ тўлонист. Дар акси ҳол масъала ранги дигар мегирад. Исмоил хатои мардумро бо роҳи такрор ба такрор овардани таркиби ҷонишин бо исм («Он гоҳ») эҳсосоти дар умқи дил доштаашро баён мекунад: «Он гоҳ роҳҳо кўр хоҳанд шуд!

пешина
аз 341
навбатӣ