Сояҳои шикаста

Ин аст, ки ў аз худ бехуд будан, маст аз шодиҳо дар олами рўъё будани Исмоил ва рўҳияи баланд доштани ўро бо образҳои дурахшон ва барҷастаи ҳаяҷонбахш тасвир менамояд.
Худи амир Исмоил низ шоирона ҳарф мезанад.
Тавсифу ташбеҳ, истиораву тазод, ташхис, такрор ва дигар санъатҳои сухан дар забони ў бисёр ба кор меоянд. Дар ин маврид ҳаётдўстии ў ифода меёбад.
Сухани нависанда бо суханони ў ҳамовоз ва ҷўр мешавад, чунин ҳолате рух медиҳад, ки гўё нависанда фикру андешаи қаҳрамонони худро давом ва инкишоф медиҳад. Амир Исмоил дар роҳи шаҳри Тироз ба ҳамсафаронаш – сипаҳсолорони лашкаркаш бо рўҳбаландӣ ва ҳиссу ҳаяҷон мегўяд:
« -- Ба сарбозон, ба ғозиён бифаҳмонед: Дар ҷои ин қуббаҳо, ин чодарҳои пурбўву чиркин дигар бояд гулбунҳо бирўянд. Ин даштҳо бояд аз хунҳо шодоб шаванд. Ва лолаҳо ба домони модарону арўсон кўч банданд. Ва шақоиқҳо ба сару рўю синаи ҷавонон бирўянд…» Ин калом чун мавҷи дарё дар миёни лашкари ғозиёни Вароруд лаб мезанад. Чашмони дар ғубори роҳу боди саҳро хушкидаву бефурўғшуда аз нав медурахшанд, аспҳои аз ҳол рафта, гўиё аз нав ҷон мегиранд ва пойҳои хешро ба зарбат бар замин мезананд ва барои чорхез задан омодагӣ мегиранд…
Ва дар марғзорҳои сабзу хуррам тифлони беғам бозӣ мекунанд, баррачаву бузғолаҳо, говҳову гўсолаҳо ба чор тараф ҷасту хезкунон медаванд, шоҳпарак ҳам рангоранг бар гулзорҳо ба парвоз меоянд.
Гўё дар ин дунё фақат садои зиндагӣ танинандоз аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо