Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ин ҳолат тавсифҳои чида истифода шудааст:
«Гўё ў ҳамроҳи ин шаҳр ба сўи осмонҳо уруҷ мекард: сабук, озод, фараҳманд, шодмона чун ба рўзи Наврўз!».
Хитобаҳои батакрор ба Худо, ки ҳайрати Исмоилро аз қудрати парвадигор ифода менамояд, шодию хурсандии ҳаяҷонангези ўро таъкид мекунад:
«Худоё, худовандо, дарвозаҳои осмон боз мешаванд».
Ҳайрату шўру шаафи Исмоил то ҷоест, ки ба самъи ў садои дутарафаи суруд мерасад – аз замин ба фаросўи осмон ва аз сўи осмон ба замин. Ин сурудҳои муқарарӣ не, балки ба лаҳни қудсӣ садо медиҳанд ва суруди ҷовидонаанд, онҳоро фариштаҳо дар боли бодҳо ва қумриён дар шохсорон нишаста нағмапардозӣ мекунанд. Ин тасвирҳо ва ин образҳо шоирона ва чунон нозуканд, ки тасаввурнопазиранд. Бар боли бодҳо нишаста таронасароӣ кардани фариштаҳо, бар ҳарири абрҳо гом задани амир, бо садои карнайҳо боз шудани дарвозаҳои биҳиштро, ки танҳо зодаи тахаюлоти бадеии баландпарвози санъаткори сухан мебошанд, чӣ тавр метавон ба доираи тасаввур овард?
Нависанда ба шодиҳо ва парвозҳои романтикии Исмоили Сомонӣ бетараф нест, бевосита шарик аст. Ў такрор ба такрор ҳиссачаи «Эй кош!»--ро, ки ифодагари ҳаяҷону изтироби нависанда ба шумор меояд, дар андешаҳои хитобии худ корбаст намуда, эҳсосоти худро аз эҳсосоти амир Исмоил ҷудо намекунад: «Эй кош ин лаҳзаҳо поён надоштӣ!.. Эй кош ин лаҳзаҳо бебозгашт будандӣ!..»
М.Солеҳ танҳо зоҳири воқеаҳои пур аз хурсандию масрурии аҳли Марвро не, балки он туғёнеро, ки дар ботини Исмоил ҷараён дорад, низ нишон медиҳад.

пешина
аз 341
навбатӣ