Сояҳои шикаста

Ё ин суруди ҷовидона чист, ки аз он сўи осмонҳо садо медиҳад. Ё ин суруди ҷовидона чист, ки аз он сўи осмонҳо ба лаҳни қудсӣ садо медиҳад! Онро фариштагон нишаста бар боли бодҳо тараннум мекунанд. Чун қумриёни нағмапардоз бар шохсорон!»
Эй кош ин лаҳзаҳо поён надоштӣ! Дунё ба ваҷд омада буд. Амир Исмоил гўё бар ҳарири абрҳо гом мезад. Овози карнаю сурнай аз токҳо садо медод.
Нағмаи қудсӣ! Суруди осмонӣ! Дарвозаҳои биҳишт аз ҳилоли абрҳо бо ин садоҳо боз мешаванд. Эй кош ин лаҳзаҳо бебозгашт будандӣ?...
Амир Исмоил то субҳи рўзи дигар бад-ин аҳвол буд, аз худ бехуд буд, маст аз шодиҳо дар рўъё буд»
(2, 310).
Аввалан, бояд таъкид кард, ки дар ин порча сухани ду овоз-ҳам овози нависанда, ҳам овози ботинии Исмоил ба ҳам омехтаанд. Муаллиф бо ин роҳ ҳам воқеаҳоро тасвир менамояд, ҳам ба дили қаҳрамони худ амиқтар сар фурў бурда, ҳиссиёту ҳаяҷони пуршиддати ўро нишон медиҳад. «Сухани дуовоз-ба ҳам омехтани овози муаллиф ва персонаж дар насри тоҷик ҳодисаи наве буд,-- навиштааст академик М.Шукуров.-- Ин боз як қадами дигар ба сўи дили инсон буд, барои аз ботин нишон додани одам, барои падид овардани нозуктарин тобишҳои эҳсосоти қалбӣ имкониятҳои тозае фароҳам меовард, насрро ба роҳи таҳлилҳои амиқу ҳартарафаи психологӣ дохил мекард» (4, 50).
Сониян, ҳолати рўҳии Исмоил, ки «хешро чунин болида меёфт», на танҳо муболиғаомез, ҳатто бо иғроқу ғулув ба тасвир афтодааст, барои нишон додани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо