Сояҳои шикаста

ифода менамояд:
«Шодию шаафи мардуми шаҳр ҳадду канор надорад. Онҳо бар сари шоҳи худ парвоза мечошанд, танга мерезанд. Шиор мепартоянд: «Зиҳи шоҳи одил! Зиҳи Баҳроми мо! То рўзи ҳурдод ҳамчунин бодо!». Шиордиҳӣ ба сурудхонӣ мегузарад. Мардуми шаҳр бо як овоз мехонанд:
Кай бувад, ки ояд
Пайк аз Ҳиндустон.
Ки омад он шаҳ Баҳром,
Аз дўдаи Каён,
Ки пил аст ҳазор,
Бар сар аст пилбон.
Ки ороста дирафш дорад
Ба оини хусравон…» (2, 310) Дар ин порча аз истиқболи амир ба ҷўшу хурўш омадани мардум, аз шавқу масрурӣ шиордиҳии эшон, ки ҳам нидою хитобаҳои такрор («Зиҳӣ!...
Зиҳӣ!...») ва ҳам унсурҳои саҷъро («мо», «бодо!») дар бар кардаанд, эҳсосоти эмотсионалӣ-патетикии онҳоро ифода менамояд. Нависанда бо мақсади нишон додани вазъу ҳолати шодмонии тамоми аҳолии шаҳр бо муболиғаю тавсиф менависад: «Ва ин замзамаи ҳамсароӣ шаҳрро гўё ба осмон мебардошт».
Дар роман шавқу шўр ва рўҳи болидаи Исмоили Сомонӣ ҳам бо ҳамон услуби романтикӣ ба тасвир расидааст.
«Амир Исмоил аввалин бор буд, ки хешро чунин боланда меёфт. Гўё ў ҳамроҳи ин шаҳр ба сўи осмонҳо уруҷ мекард: сабук, озод, фараҳманд, шодмона чун ба рўзи Наврўз! Худоё, худовандо, дарвозаҳои осмон боз мешаванд! Ин суруд дар фаросўи осмонҳо садо медиҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо