Сояҳои шикаста

Тавсифҳои муболиғавии «дуриҳои дур», «интиҳои беинтиҳо», «каломи рўшангар», истиораҳои рўшани «қаъри зулмот» ва «дили осмон» ҳам масофа, ҳам сифати рўшанӣ ва предмет ва макони онро хеле барҷастаю мушаххас ифода менамоянд.
Нависанда асомии Муқаннаъ, Муқаффаъ ва Мансур (Мансури Ҳаллоҷ-З.Ў.)-ро бо тавсифи олии «каломи рўшангар» баён месозад, ки маҳз онҳо роҳи халқро мунаввар кардаанд. Чун онҳо ба шаҳодат расиданд, халқ алайҳи душманони худ эътироз карду ба ошўб даромад, бинобар ин «озарахш медурахшад ва раъд меғуррад ва савора дар аспи сафед мегузарад». Нависанда дар тасвирҳои романтикӣ низ унсурҳои усули дўстдоштаи худ-самбулро истифода мекунад ва чун рамзи авҷ гирифтани мубориза дар роҳи истиқлолияти миллӣ менависад, ки «Ва шафақи осмон хунолуд аст, Ва дарёи хун мавҷ мезанад».
М.Солеҳ дар шаҳри Марв бо рўҳбаландии тамом, хурсандии бардавом, ҳиссиёту ҳаяҷони баланд истиқбол кардани Амир Исмоилро бо услуби романтикӣ тасвир менамояд. Ҳам халқ, ҳам Амир Исмоил ба ваҷд омада, ба якдигар меомезанд. Шодмонии мардум то ҷоест, ки суруди деринаи миллиро дар бораи Баҳром ва дўдаи Каён бо як овоз мехонанд ва ба шарофати ў ба истиқлолияти миллӣ расидан ва дар аҳди ў таҷдид шудани суннатҳои шоҳони гузаштаро бо шавқу завқи бепоён арза медоранд. Порчаи манзуме, ки дар забони мардуми шаҳр садо медиҳад, ба авҷи баланд расидани ҳиссиёту ҳаяҷони онҳоро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо