Сояҳои шикаста

Ва аз дуриҳои дур,аз қаъри зулмат, аз дили осмон, аз интиҳои беинтиҳо бод каломи рўшангар меоварад:
«Муқаннаъ… Муқаффаъ… Мансур…»
Ва озарахш медурахшад…
Ва раъд меғуррад…
Ва саворе бар аспи сафед мегузарад…
Ва шере андаруни қафас меғуррад…
Ва тифле ўро ором мекунад…
Ва саре аз маснад меафтад…
Ва шафақи осмон хунолуд аст…
Ва дарёи хун мавҷ мезанад… (2, 181) Ҷанбаи субъективӣ дар манзаранигориҳои М.
Солеҳ хеле қавӣ аст. Ба назар чунин мерасад, ки фикру хаёли Исмоили Сомонӣ аз дили нависанда мегузаранд. Дар порчаи мазкур «Шўълаҳои оташи гулхан», ки истиораи равшану зебост, ба чашм чунон ки ҳаст, наменамояд, балки онҳоро «бод… ба рақс меоварад». Нависанда тавсифҳоро паси ҳам корбаст карда азамати лашкар («лашкари анбўҳи амир») ва ҷонсахтиву иқтидори онро, ки «аз хилоли ин шўълаи рақсанда мегузарад», таъкид менамояд.
Ба амир Исмоил нигоҳи муқарарӣ не, балки «нигоҳи сўзандае аз қаъри гулхан менигарад».
Тезию тундӣ ва шиддати воқеаҳоро ҳамин далел тасдиқ мекунад, ки «марде зинда ба зинда дар танури оташ фурў меравад», бо оташи сўзони ҷисму ҷони худ муҳити тираю торро мунаввар мекунанд.
«Танўри оташ» ба «танўри нур» бадал мешавад, осмони васеъ, «дили дашт» ва «зулмоти шаб»-ро «рўшан месозад».
Нависанда ин гуна сарсупурдаҳою ҷонфидоиҳоро ҳамчун «бузургмардони хирад» арҷ мегузорад, диёри эшонро «сарзамини паҳновар» меномад ва рисолати ҷамъиятиашонро барои ҳамеша рўшан кардани роҳи халқ маҳсуб менамояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо