Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тарзи баён асосан эпикӣ, ботааннӣ, орому ҳамвор ва ҷиддӣ буда, воқеаҳо батафсилу батамкин нақл шудаанд.
Дар романҳои таърихӣ ҷо–ҷо услуби романтикӣ, рамзу тамсил ва тасвирҳои шартӣ корбаст шудаанд, ки онҳо ба тадқиқи реалистии воқеият халал намедиҳанд, балки кўмак мекунанд. Шаклҳои романтикии тасвир қабл аз ҳама боиси барҷастаю зебо ва назаррас гардидани образҳои қаҳрамонони марказӣ гардидаанд.
Дар романи «Девори Хуросон» манзараҳои романтикӣ, тавсифу ташбеҳ ва истиораҳои рўшану муҷалло, ташхис ва тазоду муқобилаҳои рангин, эҳсосоти пурҳаяҷон ва мусалсали субъективӣ, муколама ва монологҳои пуршиддат, афкору андешаҳои гарму сўзони лирикӣ аксаран дар робита бо образи Исмоил иброз ёфтаанд. Манзараҳое тасвир меёбанд, ки образҳои романтикӣ ва драмавӣ, ҳатто фоҷиавӣ ба ҳам печида меоянд. Масалан, вақте ки Амир Исмоил хаёлан руҷўъ ба таърих мекунад, «бод шўълаҳои оташи гулханро ба рақс меоварад. Лашкари анбўҳи Амир Исмоил аз хилоли ин шўълаҳои рақсанда мегузарад… Ва нигоҳи сўзандае аз қаъри гулхан ба Амир Исмоил менигарад…
Ва марде зинда ба зинда дар танўри оташ фурў меравад.
Ва танўраи нуре ба сўи осмон меравад ва дили даштро дар зулмати шаб рўшан месозад .
«Оре, бузургмардони хиради ин сарзамини паҳновар роҳро барои ҳамеша бар мо рўшан гардондаанд!»

пешина
аз 341
навбатӣ