Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Бародарони меҳрубон» -- и Амир Наср ногаҳон ғайб заданд. Дар як лаҳза зимистони пурбарф ба баҳори гулпўш табдил ёфт. Амир дар фироқи он бародарон «худро рўи фарш афганда мегиряд.
Фарш сурх мешавад.
Барф сурх мешавад.
Абр сурх мешавад.
Ҷомааш сурх мешавад.
Аспаш сурх мешавад.
Боди сурх мевазад.
Ва ў тани танҳо, гум шуда дар саҳро гиря мекунад…». (2, 149)
Амир хун мегирист, бинобар он муҳити ў ҳама ранги сурх пайдо кард.
Дар амал ў дар рахти беморӣ ва дар ҳузураш Амир
Исмоил ва Абўашъас Асад буданд, ки онҳоро чун сарвари хушбахт васият мекард, аз вафову садоқат ҳарф мезад ва ниҳоят гуфт, ки идораи давлати Варорудро бо хости худованди мутаол ба Абўиброҳим
Исмоил вомегузорем.
Услуби романҳои таърихӣ ва таърихии тарҷумаиҳолӣ асосан реалистӣ мебошанд. Тадқиқи объективонаи воқеият ва шароити муқаррарию рўзмарраи ҳаёт, саҳнаҳои мулоқот ва мубодилаи афкори қаҳрамонон, манзараҳои ҷанг, саргузаштҳои пурмашаққат, ранҷу азобу шиканҷаи персонажҳо, сўҳбатҳои оилавӣ, манзараҳои шаҳру деҳот, қасру кўшк, сафарҳо, фаслҳои сол ва табдили онҳо ва амсоли инҳо дар романҳои тадқиқшаванда мукаммал тасвир ёфтаанд.

пешина
аз 341
навбатӣ