Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин монанд ба қиссаи Иблису Одам аст. Шайтон қиблаашро дигар накард, худоро ду накард, мардуд шуд.
Шумо гумон намекунед, ки ин шайтон қиссаи бофтаву тофтаи ин қабил Абилҳафсҳост… Ин пирамард ва табораш қиблаашонро барои манфиатҳои шахсии худ дигар накарданд. Чӣ фарқ дорад, худованди яккаву ягонаро Оллоҳ мегўӣ ё Аҳурамаздо?... Шайтон аз нахустин қурбонии ин манфиатҷўист»(2, 42).
Дар романи «Девори Хуросон» тасвирҳои шартӣ низ ҷузъи поэтикаи он ба шумор меоянд. Масалан, дар поёни умр, дар ҳолати беморӣ, ки аз рахти хоб берун омада наметавонист, Наср гўё хоб мебинад, ба олами рўъё меафтад, аз тахт ба зер меояд, ҷомаи сафед дар бар карда, ба аспи сафед савор мешавад, яккаву танҳо ба дашт мебарояд, гўё барф борида ҳама ҷоро сафед кардааст. Дар назараш «Дашт пур аз мардумон мешавад. Онҳоро ба сўи хеш фаро мехонад. Ва ҳар кас, ки миёни ишон ниёзманд буд, ки ба подшоҳ сухан бигўяд, хоҳ гадо бошад, ё доро, ва шариф бошад ё паст, бидуни ҳеҷ ҳоҷату дарбоне ба назди шоҳ меояд ва бидуни ҳеҷ монеа бо ў гуфтугў мекунад» (2, 50).
Он сиёсати инсонпарварӣ, наздикӣ бо халқ ва шунидани розу ниёзи мардум, ки Амир Наср дар ҳаёт нагузаронида буд, дар ҳолати рўъё иҷро мекунад, яъне нависанда бо тасвири манзараи шартӣ таманои худро аз шоҳон иброз медорад, хоҳишро чун воқеият ба тасвир меорад, Ҳатто Амир Наср ба аҳолӣ изҳор мекунад, ки ман имрўз монанди яке аз шумо ҳастам, ман ба шумо бародар ҳастам, минбаъд ҳам ба ҳар яки шумо чун бародари меҳрубон хоҳам шуд, хоҳиш мекунам, эй бародарон, эй деҳқонон, эй аҳли диёр аз ман дур нашавед.

пешина
аз 341
навбатӣ