Сояҳои шикаста

Балъамӣ ба Исмоил гуфт: «Дар сурати сохтани чунин ҳукумате ин ормонҳо аз байн мераванд. Мо миллатро бояд ба як озорандаи доимии зиндагиву ҷон табдил диҳем. Башар бояд то ба Рустами ормонӣ камол ёбад ва ба дардҳову ранҷҳои зиндагӣ дармон бахшад» (2, 41).
Дар сўҳбатҳои Исмоили Сомонӣ дигар қаҳрамонони асотирию афсонавӣ, таърихӣ, нимтаърихию нимривоятӣ чун омили услубсоз корбаст шудаанд, ки ба тарзи баёни нависанда, афкори ҷаҳонбинӣ ва эҳосоти эшон нақши рўшан гузоштаанд. Афсонаи Симурғ, Иблису Одам, Каюмарс, Афросиёб, Юсуф, Зардушт, Монӣ, Буддо, Исо, Баҳром, Юсуфи Форобӣ аз он ҷумлаанд.
Вақте ки дар Бухоро Исмоили Сомонӣ бо ёрони худ дар бораи ба истиқлолият расондани ин сарзамин ва ба даст овардани ҳокимияти ҳақиқӣ сўҳбат кард, изҳор дошт, ки аъроб дар ин ҷо реша рондаанд, ҳукмашон гузарост, дар ҳамаи вазифаҳо одамони мўътақиди худро гузоштаанд. Онҳо қиссаи Иблисро худ бофта баровардаанд, ки ў ба Одам саҷда накард, аммо боиси аз ҷаннат ронда шудани Одам гардид.
Алъон аъроб ирониёни асилро дар ватан беватан кардаанд, ки пири муғон – имоми масҷиди Кармина яке аз чунинҳост.
«Чизеро пай набурдед?»- пурсид Исмоил аз Фазл, Яҳё ва Аҳмади Лайс. – Бухоро дар дасти соҳибони хеш нест. Ва онро ба эшон баргардониданӣ ҳам нестанд… Магар он пири муғонро надидед, ҳис накардед? Он қадар бимаш додаанд, ки ҷуръати ҷунбидан надошт. Ў дар диёри худ бегона аст, ғариб аст. Ў ҳам метавонист ба мисли дигарон худро аз ин меҳнат бираҳонад ва нагузорад, ки ким кадом як Абилҳафс (раиси шаҳри Кармина – З.Ў.) ҷойи ўро бигирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ