Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Исмоили Сомонӣ деворнигораҳоро таърихи зиндагонии халқи тоҷик мешуморад, аз онҳо ибрат гирифтан, сабақ омўхтан мехоҳад, онҳоро муҳимтарин воситаи худшиносӣ маҳсуб мекунад. Чеҳраи Рустам борҳо пеши назари Амир Исмоил меояд. Ў Рустамро таҷассуми ватандўстӣ ва истиқлолхоҳӣ медонад, ки нерўи азим дорад. Ўро дар хобу дар бедорӣ, дар сари андешаҳои ватандорӣ ёд мекунад.
«Ку Рустаме?!!!»(43, 86) гўён аз хобаш ба талвоса бедор мешавад.
Амир Исмоил ҳастии Рустам ва Сиёвуш барин паҳлавонон ва ҳақталошонро муҳимтарин омили «Инсон шудан!» ба ҳисоб меорад. Он қаҳрамонони ормониро мураббиёни мардум мешуморад. Рустам ва Сиёвуш барин мардони ҷасуру диловар бахусус дар давраи мубориза дар роҳи истиқлолияти миллӣ зарур будаанд. Ин аст, ки Исмоил дар сўҳбат бо ёрони худ чунин ақидаро изҳор медорад: «Башар аз рўи офариниши ҳазрати Одам то ба ҳол як ҳадаф дошту дорад ва хоҳад дошт. «Инсон шудан!» Ин марҳилаи камол аз бузургтарин ҳадаф аст. Он қадар пайғамбарон барои ҳидояти ин мақсад омаданд, вале ҳанўз башар дар ҳолати нохудогоҳӣ боқӣ мондааст. Пайғамбарон худ намунаи ҳидояту шудан ҳастанд. Вале ку Рустаме? Ку Сиёвуше?» (2, 87).
Амир Исмоил тамано дорад, ки бо мақсади бениёз гардидани башар рисолати ҷамъиятӣ доштан кам аст, балки «Ҳар касе бояд Рустам шавад ва то ба Рустам камол ёбад» (2, 50).
Дар масъалаи ҳамчун Рустами ормонӣ ба пояҳои баланди рушди ҷисмонию маънавӣ расидани ҷамъият вазир Балъамӣ бо Исмоил мувофиқ аст. Ў дар роҳи пайрезии як давлати мутамаркази қудратманде ниёз ба Рустамҳои нав дорад.

пешина
аз 341
навбатӣ