Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тасвири бо тамоми шукўҳу азамат бар тахти подшоҳӣ нишастани Ардависур Аноҳито ва дар атрофи ў ба хидмат омода будани мардҳои доною диловар, саҳнаи тоҷгузории шоҳи Суғд, арабҳо, ба қавли амир Исмоил «Шоҳи Суғд-- хоҷаи Самарқанд. Ишғол шудани Самарқанд аз ҷониби арабҳо… », манзараи базм ва нимтанаи зани миёнсоле, ки сар ба сўи моҳ бардоштааст ва аз китфонаш шўълаҳои оташ сар кашидаанд --ҳама ишора ба гузаштаи пурифтихор мекунанд. Амир Исмоил, ки парда аз рўи деворнигораҳо бардошта, онҳоро аз назари ибрат мегузаронд, таҷассум гардидани таърихи ниёгони худро мебинад.
Лавҳаҳои «Корномаи Рустам», «Панди падар бар фарзанд», «Оҳангару бўзина», «Донишмандону паланг», «Қиссаи зан ва шавҳараш ва дўстдоронаш»
ба Исмоил пандҳои таърихӣ ва ахлоқӣ медиҳанд.
Тасвирҳои рўшани «Қиссаи шоҳи Бўзина», «Зани диловар, вале захмӣ», «Мурғе, ки тухми тиллоӣ меовард», «Набарди саворон», «Деви сесар»-ро аз назар гузаронида, дили Исмоил пур аз дард мешавад, ба шигифт меояд, ки чаро ба рўи онҳо парда кашида одамонро аз баҳрабардорӣ маҳрум кардаанд. «Намешавад гузаштаҳои хешро сар бурид, мегўяд ў худ ба худ.- Девҳоро он қадар дар назарҳо пинҳон доштанд, ки имрўз ҳафтсар шудаанд… Ва модарон фарзандони хешро алайҳи вай қурбон мекунанд…
Арўсонро асир медиҳанд. Ку Рустаме, ки Сиёвушро наҷот диҳад?! Оре, ин миллат ба Рустамҳо зарурат дорад, то Сиёвушҳо ба камол расанд» (43, 74).

пешина
аз 341
навбатӣ