Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар Кармина ҳам вақте ки таваҷҷўҳи Исмоилро ҳашамати сохтмони масҷид ба худ мекашад, пеши назараш деворнигораҳои оташкадаи Самарқанд мегузаранд. Марди пире, ки саропояш сафедпўш аст, аз хилоли ин деворнигораҳо ба пайдо меояд, ки гот мехонад. Лаҳзае нагузашта, чанд аъробие бо шамшерҳои охта бар ў ҳамла ва сарашро аз тан ҷудо мекунанд. Ҳама ҷо ранги хун мегирад, забонаҳои оташи муқаддас деворнигораҳоро ба коми худ мекашанд. Исмоили Сомонӣ мебинад, ки он аъробӣ даруни хуну оташ сар аз тасвири деворнигораҳо мебуранд ва муғи мўйсафед даруни шўълаҳои оташ месўзад. Амир ба худ мегўяд, ки муғ ба имоми ин масҷид хеле монанд аст.
Мазмуну мўҳтавои самбулии деворнигораҳо ва таассуроте, ки Исмоил аз тамошои онҳо ҳосил кардааст, аз як тараф таърихи халқҳои эрониро таҷассум намоянд, аз ҷониби дигар, зулму асорати аъробро нисбат ба аҷдоди мо – зардуштиён ва халқҳои дигари эронӣ нишон медоданд.
Асотир, рамзҳо, деворнигораҳо ва афсонаю ривоятҳое, ки дар романи «Девори Хуросон» истифода шудаанд, ҳамагон аз рўи мазмуну мўҳтавои худ ба ифтихори миллӣ, ғояи истиқлолияти давлатӣ, истеҳкоми давлатдорӣ ва мубориза алайҳи душманони Хуросони бузург иртиботи қавӣ доранд. Амир Исмоил баъд аз дафни бародараш Насри Сомонӣ ва азодории кўтоҳ дар қасри шоҳӣ деворнигораҳоро тамошо мекунад.

пешина
аз 341
навбатӣ