Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Баъзеи онҳо муносибати роҳбарони Мовароуннаҳру Хуросон ва Бағдодро дар бар мегирад. Вақте бо супориши халифа Бадри Кабир Амри Лайси Саффорӣ бо теғи ду ғуломи турк кушта шуд, нависанда бо ҳиссу ҳаяҷони баланд онҳоро бо тавсифи «ин шабушкҳо одамхор шудаанд!» таҳқир мекунад, сарбаландӣ ва диловарии Амри Лайс ва фитнаи хилофати Бағдодро дар назар дошта мегўяд: «Рустамҳоро шағолҳо мекушанд!» (43, 56) Дар романи «Девори Хуросон» деворнигораҳое тасвир ёфтаанд, ки афсонаҳои асотириро дар бар гирифтаанд. Исмоили Сомонӣ мазмуни онҳоро ба писараш Аҳмад нақл мекунад. Моҳияти онҳо пайдоиши олам ва муборизаи хайру шар, некию бадист.
Дар он афсонаҳо некӣ бар бадӣ пирўз мешавад ва ҳаёт идома меёбад. Некӣ дар сурати Ҳурмузд ва бадӣ дар шакли Аҳриман падид меоянд. Дарзамон симурғи накўкор ва Сиёвуши меҳрубон падид омаданд. Онҳо ба манфиати рушди ҳаёт ва зисту зиндагии одамон корҳои хайрро анҷом доданд. Исмоил ба писари худ мегўяд: «Дар ривоёти куҳан ҳаст, ки яке аз аъмоли ҷобиронаи Ковус, яъне бузургтарин гуноҳи ў куштани говест, ки нигаҳбони марзҳои Ирону Турон буд. Ин говро Ҳурмузд офарид, то чун низои байни Ирону Турон даргирад, ў суми хеш дар ҳадди воқеии Ирону Турон бикўбад ва ҷангу ҷидол аз байн биравад» (43, 155).
Исмоил дар бораи дарахти азиме, ки сар ба фалак кашидааст ва дар сари дарахт паррандаи азиме бо пару болҳои бузургу зебое нишастааст, ҳикоят карда, зимнан ишора ба сулолаи Сомониён ва ба сари қудрат омадани худ менамояд, роҷеъ ба нерўҳои некию бадӣ, пирўзии хайр, фаъолияти Симурғ, Сиёвуш ҳарф зада, ҳаётбахшӣ, озодихоҳӣ ва шукўҳмандии хонадони Сомониёнро таъкид месозад.

пешина
аз 341
навбатӣ