Сояҳои шикаста

Ҳамин, ки амир Исмоил аз ҷояш хеста ба сўйи дар равон шуд, оҳу ҳам ўро думбол кард. Ў чанд бор баргашта пушташро дастмол намуд. Амир Наср ҳанўз дар назди панҷара буд» (2, 43-44).
Нигоҳи шерон, ки «сарду алмосгун, бурранда, бегонаву ваҳшӣ, душманона ба назар расид, самбули нигоҳ ва муносибати тарафайни Амир Исмоил ва Амир Наср нисбат ба ҳамдигар буда метавонад.
Меҳрубонии Амир Исмоил ба оҳу ва аз дунболи ў рафтани оҳу аз ояндаи хуб башорат медиҳад. Байни бародарон ҷанг ба вуқўъ пайваста бошад ҳам, бо сулҳ ва пирўзии Исмоил анҷом ёфт.
Образи шерон то рафт бештару беҳтар маънии амиқи самбулӣ пайдо мекунад. Вақте ки Амир Наср пас аз сездаҳ моҳи интизорӣ Исмоилро пазируфт, ба гузашта салавот гуфт ва ба ў маншури амири Бухороро дод, дар фаъолияти ў озодии ҳақиқӣ зиёд шуд.
Амир Наср гуфт: «Ин бор мо ба шумо озодиҳои зиёдтаре медиҳем. Ончунон ки салоҳ медонед, амал мекунед…» (2,54) Нависанда меафзояд: «Амир Наср ҳини сухан кардан ба назди панҷара меояд ва ба сўи чорбоғ менигарад. Шерҳо раҳо шудаанд. Ғуломон аз тарсу ҳарос ба ҳар тараф медаванд. Амир оҳуро мекобад, вале дар ҳеҷ куҷо назараш ба он намеафтад. Ва беихтиёр андешааш ба садо дармеояд: «Шерҳо раҳо шудаанд!» (43, 256).
Раҳоии шерҳо рамзи раҳоии Амир Исмоил аз маҳдудият ва расидан ба истиқлолияти сиёсӣ мебошад.
Давраи пирии Амир Наср низ бо самбул ифода меёбад. Амри Лайс ба Абдуҷҷаббор ибни Ҳамза ишора ба пирию фартутии Амир Наср карда мегўяд, ки «парвариши гургҳои пир вақти амирзодаро бисёр мегирад» ва низ «оҳуи пир танҳо мечамад» (43, 332) Ин гуна рамзу самбулҳо дар роман кам нестанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё