Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ғизоле озодона, бепарво даруни боғ мечамад, додарзодааш Наср бинни Исмоил дунболи ғизол саргардону машғул аст. Ва бо нигоҳе пур аз ҳасад ба ин манзара хира мемонад» (2, 43).
Ғурриши шерон ишорае аз забардастӣ ва пирўзиҳо, зуза - нулаи гургони қафас рамзи мағлубият ва нотавонии душманон, бозии Наср ибни Исмоил бо ғизол самбуле аз ояндаи фараҳбахш аст.
Нигоҳи «пур аз ҳасад» амир Наср ба ин манзара ишора аз ғалабаҳои насли ҷавон Исмоили Сомонӣ ва фарзанди ў дар давлатдорӣ ва заифиҳои худи Наср аст.
Вақте ки Исмоили Сомонӣ андози солонаи Бухороро ба хазинаи Самарқанд ворид накард ва бе рухсати бародараш ба қабули ў омад, амир Наср ўро сездаҳ моҳ напазируфт. Амир Исмоил дар ин маврид худро чун шери даруни қафас банди асорат медид, аммо озодии оҳу ба дили ў умед мебахшид:
«Амир Исмоил бо хашм аз қаср бадар мешавад ва дар чорбоғи хуррам бемуродона гардиш мекунад. Ва ба нохост ба сўйи қаср бармегардад. Амир Наср рафтори ўро назора мекард. Амир Исмоил ба поёни чорбоғ, он ҷое, ки шерону гургон дар қафас буданд, меравад. Қафаси гургҳо хеле танг буд ва боз дар миёни қафаси кушоду баланди шерон ҷой шуда буд. Ғуррасу таҳдиди шерҳо гургҳоро афсурда карда буд. Аммо Исмоил ба чашмони ин вуҳуши асир нигарист. Замирашонро, ҳастиашонро дар барқи нигоҳашон медид. Нигоҳе сарду алмосгун, бурранда. Нигоҳе бегонаву ваҳшӣ. Нигоҳе душманона доштанд.
Оҳу дар дуртар ба сўйи ин манзара менигарист.

пешина
аз 341
навбатӣ