Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дигар шакли тасвири воқеият ва ифодаи фикру андеша, ки ин ҳам аз ибтидо то интиҳои асар ҷо-ҷо дида мешавад, самбул-рамзу тамсили бадеӣ мебошад. Саршавии роман, ки «Биёбон» ном дорад, ба истиснои чеҳраи Исмоили Сомонӣ аз образҳои тамсилӣ иборат аст. Дар биёбон рамаи гургони гурусна ғизоли аз хайли худ вомондаро думболагирӣ мекунанд. «Гургҳо оҳиста–оҳиста ба сўйи ғизол мехазанд. Вале ғизол ҳамоно рў ба сўи девор дорад. Савор беҳолона камонро ба даст мегирад ва аз тиркаш тир ба он мегузорад ва ба сўи гурге, ки аз ҳама қавиҳайкалтару ба ғизол наздиктар аст, нишон мегирад. Гург ғурришкунон ба сўйи ғизол ҳамла мебарад ва аз захми тир дар нимароҳ аз пой меафтад… Оҳу дунболи аспи Исмоил меояд» (2,3).
Тўдаи гургҳо рамзи душманони озодӣ ва истиқлолияти халқи тоҷик ба шумор меоянд, ки Исмоили Сомонӣ якеро захмдор карда асир гирифт, сарбозонаш низ чанд гургро дастгир карданд, дигарҳояш рў ба гурез оварданд.
Ғизол самбули одамони бегуноҳ аст, ки агар аз ҳамдигар ҷудо шаванд, парешону бепаноҳ бошанд, тўъмаи гургон хоҳанд шуд. Хушбахтона, онро Исмоили Сомонӣ наҷот дод ва он дигар аз паҳлуи ў дур намешуд, чунон ки мардуми тоҷик дар паноҳи ин шоҳ худро бехавфу хатар ҳис мекард.
Дертар мо ин оҳу ва гургонро дар Самарқанд, дар боғи шоҳ мебинем. Дар боғ шерон ҳам ҳастанд, ғизол озодона мечарад. «Амир Наср ба панҷара такя дода ба дурҳо менигарад. Аз канораҳои боғ садои ғуррасти шерон ва зузаи гургони қафас ба гўшаш мерасад.

пешина
аз 341
навбатӣ