Сояҳои шикаста

Чанд нафар аз аъёни Самарқанд болои суффаи лаби ҳавз, зери дарахти себ нишастаанду дар хусуси ким-чие баҳсу муҷодала доранд. Исмоил дар даст китобе аз дари кўшк берун мешавад ва ба лаби ҳавз меояд…» (2, 4-5) М.Солеҳ кўтоҳбаён аст дар тасвир. Вай аз тасвирҳои батафсил ва ҷузъбандиҳои манзараю мавзеъ худдорӣ мекунад, бештар ба тасвири инсон ва муколамаи одамон мутаваҷҷеҳ мешавад.
Шаҳрҳои Кармина, Бухоро, Байканд, Тироз, қасру кўшкҳо, хайма ва қароргоҳони шоҳ ва дигар ҳокимон низ ба ҳамин усул ба тасвир расидаанд.
Дар муколамаи иштирокдорони асар низ тасвири батафсили ҳаракату амали эшон дида намешавад.
Нависанда усули асарҳои саҳнавиро корбаст мекунад ва ҳаракати онҳо ба шакли ремарка дар қавсайн тазаккур меёбад. Масалан, «Шоҳ: Мо тасмими хешро гирифтем… (Ва ба имтиҳон ба сўйи ҳозирин менигарад). Вале раъйи шуморо донистан мехостем…»
«Шоҳ: Амири хиттаи Бухоро тадоруки сафар бинанд ҳар чӣ тезтар, хубтар (Амир Исмоил даст ба чашм мебарад ва таъзим менамояд). Супориши махсусро баъдтар, яъне дар арафаи сафар ё ҳамин бегоҳ дарёб хоҳед намуд» (2,9).
Дар сўҳбат ё машварат гурўҳи одамон ширкат варзанд, мисле, ки суратҷаласа мураттаб месохта бошад, дар аввал эшонро номбар мекунад. Чунончи, дар Тавовис дар сўҳбати Наср ва Исмоил ширкат доштанд: Амир Наср, амир Исмоил, Рофеъ ибни Ҳарсама ва бузургони Самарқанду Бухоро.
Нависанда аз оғози роман то анҷоми он ҳамин усули нигоришро пайгирӣ менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё