Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Санъаткори сухан таърихро чӣ тавре ки тасаввур намояд ва симои ашхоси таърихиро чӣ гунае, ки пеши назар оварад, ҳамон хел ба риштаи тасвир мекашад, лавҳаю манзара меофарад, хислату характер ва муколамаи қаҳрамонони худро нишон медиҳад.
Сабки ҳар як нависанда вежагиҳои ба худ хос дорад, ки шавоҳидашро дар романҳои таърихии замони истиқлол ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.
Муҳаммадзамони Солеҳ дар романи «Девори
Хуросон» усулу услубҳои хеле рангоранги тасвири воқеият ва офариниши чеҳраҳои таърихиро истифода мебарад. Нақл, таҳкия, самбул, тасвирҳои реалистӣ, романтикӣ, баёни илмӣ, андешаҳои публитсистӣ ва ғ.- ҳама дар роҳи тадқиқи ҳаққонии таърихи халқи тоҷик дар давраи ҳукмронии авлоди Сомониён хизмат мекунанд.
Нақл ва ҳикоябандии М.Солеҳ вижагиҳои ба худ хос доранд. Нақли ў камвусъат ва пора – пора, барои усулҳои синамоӣ буда, шарҳу бастҳои барзиёд надорад, дар муколама ва баёни ҳолати қаҳрамонон ва персонажҳо усулҳои асари саҳнавӣ – истифодаи ремарка ва ғ. ба назар мерасанд. Нависанда дар тасвири шаҳрҳо, навоҳӣ, қасрҳо, кўшкҳо, боғҳо, тағйири манзараҳо низ усули синамоиро корбаст мекунад, тарзи баёнаш ба сенарияи синамо монанд мешавад.
Ба ин манзара аҳмият медиҳем:
«Самарқанд. Кўшки Исмоил. Боғ.
Намуди умумии шаҳр. Кўшку қасрҳо, кўчаҳои сангфарш. Боғистонҳои сабзу хуррам, дарахтони гуногун ва меваҳои расида. Маҳаллаи Исфизор. Кўшки авлодии Сомониён. Боғи сабзу хуррам. Ҳавзи зулол.

пешина
аз 341
навбатӣ