Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бинобар ин забон ва тарзи баёни С.Айнӣ заминаи мустаҳками реалистӣ доранд. Нависанда дар услуби реалистии худ, сабки романтикиро низ корбаст мекард, ба сухан рўҳу равон ва пару боли баландпарвоз меафзуд.
Омили асосии романтизм дар адабиёт эҳсоси пурҳаяҷон ва шўру шари баланди эмотсионалӣ ба шумор меояд. Ин аст, ки академик М.Шакурӣ дар бораи услуби шахсии С.Айнӣ изҳори андеша карда, аз он ҷумла чунин навиштааст: «Мабдаи субъективӣ дар тасвирҳои Айнӣ хеле пурқувват аст… Тасвири Айнӣ тасвири эмотсионалӣ, тасвири лирикии пурҳиссиёт буда, дили хонандаро низ ба изтироб меорад» (3, 16-17).
Суннатҳои эҷодии С.Айнӣ дар насри муосири тоҷик рўшан мушоҳида мешавад. Дар эҷодиёти Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, С.Улуғзода ва дигар насрнависон на танҳо истифодаи эҷодкоронаи сабақҳои Айнӣ ба назар мерасад, балки сабки фардии ҳар як нависанда низ пурра ба зуҳур меояд.
Таҷрибаи эҷодӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими меросбарӣ аз насл ба насл мегузарад ва он дар романҳои таърихии нависандагон дар давраи истиқлолияти миллии Тоҷикистон низ бо шаклҳои гуногун падид меояд. Корбасти услубҳои реалистӣ ва романтикӣ, офаридани образҳои баҳодуронаи мўҳташам, истифодаи намунаҳои гуногуни эҷодиёти лафзии халқ, унсурҳои саҷъ дар ин хусус далолат мекунанд.
Услуби ҳар нависанда зуҳуроти тафаккури бадеии ўст. Тарзи идроки воқеияти таърихӣ ва офариниши образи шахсиятҳои таърихӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҷаҳонбинӣ ва маҳорати нависанда вобаста аст.

пешина
аз 341
навбатӣ